“Талко”-ро ба Чин нафурӯхтаанд!
“Талко” хабару овозаҳо дар бораи фурӯши ширкат ва саҳмияҳои он ба кишварҳои хориҷиро комилан рад кард. Гуфта мешавад, ки феълан миёни ширкатҳои чинӣ ва “Талко” имзои созишномаҳо ва музокирот идома дорад, аммо масъалаи фурӯши саҳмияҳо дар миён нест.
Як манбаъи расмӣ аз ширкати “Талко” ба “Sputnik” хабар медиҳад, ки созишнома миёни “Талко” ва CMEC (China Machinery Engineering Corporation), як ширкати давлатии чинӣ дар мавриди модернезатсия аст.
“Ширкати чинӣ барои модернизатсияи Ширкати алюминиуми Тоҷикистон 545 миллион доллар ихтисос хоҳад дод. Он замон расонаҳо аз қавли Ҷанг Чун, раҳбари СМЕС навишта буданд, ки модернизатсия дар ду марҳала ва баъди ду сол анҷом хоҳад ёфт.”
Дар бораи ҷузъиёти дигари ин созишнома то ба ҳол иттилои кофӣ мавҷуд набуд, то ин ки радиои “Озодӣ” аз қавли Юе Бин, сафири пешини Чин дар Душанбе хабар дод, ки бо сармоягузории 545 – миллиондолларӣ Ширкати алюминиуми тоҷик бозсозиву амалан ба як корхонаи нави замонавӣ ва моликияти муштараки ду тараф табдил дода хоҳад шуд.
Дар баробари ин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳарфи эҳтимоли фурӯхтани “Талко” ба Чин низ ба миён омад.
“Ширкати алюминийи тоҷик” дар қатори нерӯгоҳҳои «Норак» ва «Роғун» аз соли 2009 ба ин сӯ моликияти истисноии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ин тамоми заминаҳо барои хусусӣ ва ё фурӯши саҳмияҳои он ба ширкату кишварҳои хориҷиро аз миён мебарад.
Ба иттилоъи манбаъ миёни “СМЕС“ ва “Талко” ба имзо расидааст, ки дар асоси он ширкати хитоӣ др дохили “Талко” корхона месозаду халос. Ин манбаъ мегӯяд, ки “China aluminium” – и Чин ҳатто сармоягузори ин корхона нест, балки танҳо паймонкори кулл асту ҷалби маблағгузориро ба ӯҳда дорад.
«Амалан ин як корхонаи ҷадиде хоҳад буд, ки дар ҳудуди “Талко” сохта хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, иқтидори корхона 300 ҳазор тон пешбинӣ шудааст. Аз он 545 миллион доллари созишнома танҳо 435 миллион барои сохтмон истифода мешавад ва 90 миллиони дигар капитали корӣ аст. Ёдатон бошад, чиниҳо дар Қазоқистон як корхонаи алюминиум ба зарфияти солона 250 ҳазор тонро ба ҳазинаи 1 миллиарду 90 миллион доллар сохта буданд.
Аён аст, ки ин корхона барои Тоҷикистон хеле арзон меафтад. Қабл аз ҳама аз он ҳисоб, ки зерсохторҳои зарурӣ, аз қабили анбори ашёи хом, роҳи оҳан, корхонаҳои маводи истеҳсолӣ ва ғайра вуҷуд доранд» – менавсиад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ