СулҳиТАЛКО бо РусАл. Ин гургоштист?
ТАЛКО, ширкати алюминсозии Тоҷикистон ва ширкати РусАл созишномаи мусолиҳаи ниҳоӣ имзо кардаанд. Бар асоси иттилои дарёфтӣ, ТАЛКО дар баҳои 150 миллион доллар меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe” ва бизнес-сентри «Созидание”-ро аз РусАл харида, бо ин ширкат дар коркарди алюминий ҳамкориро аз сар мегирад.
Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомиаи ширкати давлатии ТАЛКО хабар додааст, ки созишномаи мусолиҳа байни ТАЛКО ва РусАл рӯзи 23 март дар шаҳри Маскав имзо шудааст: «Ба имзо расидани ҳуҷҷати мазкур таъйиди он мебошад, ки ТАЛКО ва РусАл ихтилофи назарии, байни ширкатҳо мавҷуд бударо, бо иродаи нек ва ташаббуси якҷоя мустақилона танзим карданд. Тарафҳо эътироф намуданд, ки байни ТАЛКО ва РусАл ягон баҳси танзимнашуда боқӣ намондааст.”
Бар асоси ин созишнома, даъвоҳои додгоҳӣ байни ТАЛКО ва РусАл қатъ шуда, ду ширкат роҳро ба сӯи ҳамкории дарозмуддат дар коркарди алюминий ҳамвор мекунанд. Дар иттилоияи ТАЛКО гуфта шудааст, ки шароити ин ҳамкорӣ дар оянда баррасӣ ва эълон мешавад.
Ин созишномаи мусолиҳа ба чанд соли даъвоҳои додгоҳӣ байни ТАЛКО ва РусАл нуқта мегузорад. Баҳсҳои додгоҳии ТАЛКО ва РусАл пурхарҷтарин баҳси додгоҳӣ дар таърихи Тоҷикистон шумурда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ