Талошҳо барои таъсиси ҳизби сиёсии муҳоҷирони тоҷик дар Маскав

Ҳомии ҳуқуқи маъруфи тоҷик Иззат Амон, ки солҳо боз дар шаҳри Москваи Русия ба сар мебарад, аз азми худ барои таъсис додани ҳизби сиёсии муҳоҷирони кории тоҷик бо номи «Тағйирот, ислоҳот ва рушд» хабар дод.

Ҳадафи ин ҳаракати нави сиёсӣ иштироки муҳоҷирони корӣ дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла дар интихоботҳои президентӣ ва порлумонии кишвар гуфта мешавад. Ба узвияти ҳизби нав шаҳрвандоне метавонанд, шомил шаванд, ки дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон қарор доранд. Танҳо дар Русия аз 1 то 2 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд.

Яке аз нақшаҳои аввали раҳбарияти ҳизб сабти номи расмии он дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ва сипас ташкили бахшҳои минтақавии он дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ба гуфтаи Иззат Амон, вазифаи ӯву ҷонибдоронаш муттаҳидсозии неруҳои гуногуни сиёсиест, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳастанд.

«Онҳо муҳоҷироне ҳастанд, ки на танҳо дар Русия, балки дар саросари дунё кору зиндагӣ мекунанд. Қисми бузурги муҳоҷирон ё худ паноҳандагон дар Аврупо, Амрико ва кишварҳои дигари ҷаҳон ба сар мебаранд ва онҳо низ мехоҳанд, дар ин равандҳои сиёсӣ иштирок кунанд. Албатта, мо пеш аз таъсиси ҳизби сиёсӣ бо ин шаҳрвандони кишвари худ тамос гирифта, бо онҳо суҳбат кардем», — гуфт ӯ.

Ин бори аввал нест, ки барои ба ҳам овардани муҳоҷирони кории тоҷик ҳаракати сиёсӣ таъсис дода мешавад. Дар гузашта бунёдгузорони чунин ҳаракатҳои сиёсӣ дар кишвар таъқиб ва зиндонӣ шудаанд.

Аз ҷумла, Зайд Саид, ки аз соли 2002 то соли 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд, пас аз эъломи тасмими худ дар бораи таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» ба фасодкорӣ ва як қатор ҷиноятҳои иқтисодӣ айбдор эълом шуда, бо мусодираи молу мулк ба 26 соли зиндон маҳкум гашт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *