Талоши шаҳрванди Ӯзбекистон барои фурӯши нусхаи қадимии Қуръон
Маъмурони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон (ХАДӮ) дар вилояти Фарғона мардеро боздошт карданд, ки мехост нусхаи қадимии китоби Қуръонро бар ивази 150 ҳазор доллар ба шаҳрванди Қирғизистон фурӯшад.
Зодаи 49-солаи Бухоро Фаррух Шарапов бо мусоидат ва миёнаравии як шиносаш аз Канада бояд китобро ба шаҳрванди Қирғизистон мефурӯхт. Тарафҳо созиш карда буданд, ки Шарапов пас аз дарёфти 150 ҳазор доллар китобро аз роҳи пинҳонӣ ба Қирғизистон интиқол медиҳад.
Бар асоси хулосаи ташхиси Вазорати фарҳанги Ӯзбекистон, матни Қуръон дар асри XVI навишта шуда, хаттот мулло Юсуф Саҳҳоф онро ба шакли китоб даровардааст.
Дар робита ба ин қазия парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Тибқи қонунҳои Ӯзбекистон, интиқоли нусхаи мазкури китоби Қуръон бо назардошти арзиши таърихӣ, илмӣ ва осорхонаияш ба хориҷ манъ аст. Он акнун ба Осорхонаи давлатии Ӯзбекистон супорида мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ