Тамаддуни зеризаминӣ
Гузориш аз як сохтмони бузурги сатҳи ҷаҳонӣ
100 километр дуртар аз шаҳри Душанбе маконест, ки бо дидани он кас чун Владимир Путин ҳангоми сухан кардан дар бораисилоҳи нави Русия,ба ваҷд меояд ва мехоҳад бо овози баланд гӯяд: “Ин мӯъҷиза аст!”
Сохтмони НБО-и “Роғун” ҳоло дар арафаи анҷомёбист. Ин неругоҳи барқи обӣ, ки яке аз пуриқтидортарин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ванақши муҳиме дарминтақа ҷиҳати ҳалли мушкилоти таъмин бо неруи барқ аз Афғонистону Покистон то Қазоқистон дорад. Шояд ҳатто баҳри Аралро аз хушкшавӣ наҷот диҳад.
Poҳи морпеч, ки ҷо -ҷо харсангҳои аз кӯҳ фаромада рӯяш хоб буданд, моро ба боло мебурд. (“ Ана ин харсанг ба наздикӣ афтодааст, як соат пеш набуд” «, — мегӯяд ронанда). Баъд аз паси сар кардани ду постгоҳи милисаҳо мо ба майдончаи назоратӣ расидем ва аз он ҷо манзараи аҷибе пеши чашм намудор гашт. Дар як тараф қуллаи барфпӯши кӯҳҳо , дар зер — дарёи Вахш,ки ранги сурху гилин дорад ва дар майдони сохтмон экскаваторҳо, , булдозеру борбардорҳо дар ҳаракат буданд. Пас аз ба кор даромадани неругоҳ ин минтақа зери об мемонад ва ҷои онро баҳри бузурге мегирад, ки чуқурии он то чорсад сад метр хоҳад шуд.Роҳбалад моро огоҳ мекунад, ки ҳаёти асосӣ дар дохили кӯҳ дар ҷӯш аст. Мо поён мефароем, ки дар он ҷо шаҳри зеризаминии бузурге сохта шудааст ! Шабакаи «кӯчаҳо» — даҳҳороҳҳо ба чор самт давидаанд.Дар чорроҳаҳои зеризаминӣ одамон ҳаракати мошинҳоро танзим мекунанд. Дарозии ин роҳҳо 75 кмташкил медиҳад. ( Блаклаваи Қрим ба ёдам расид,ки дар кӯҳҳои наздики шаҳри Севастопол барои паноҳ бурдан дар ҳолати ҷанги ҳастаӣ дар замони шӯравӣ барои киштиҳои зериобӣ сохта шуда буд.Он нисбат ба Роғун як регбозии кӯдаконаро мемонад). Қатори мошинҳои боркаш, тракторҳо, булдозерҳошабу рӯз дар ин роҳҳои зеризаминӣ дар ҳаракатанд.
Дар охири яке аз нақбҳо – зинапояи бетонӣ моро ба поин мебарад. Мисли даромадгоҳи хонаҳои бисёрошёна. Фақат лифт нест. Бо ин зинаҳо 5 ошёна ба поён мефароем.Бо даҳлезе ба пеш меравем,ки дар ду тарафи он дарҳое, ки дар шафаташон бо забони тоҷикӣ навиштаҷот доранд, мавҷуданд. Кас бовар намекунад, ки дар болои сараш боз 300 метр ҷинсҳои кӯҳӣ ҳастанд. Он чизе,ки минбаъд ба чашм расид, берун аз ҳудуди воқеият буд: фазои кушоди бузург, толорҳои васеъ, ки аз яке ба дигаре мегузарӣ, қисмати мошинҳо (агригатор), трансформаторҳо, турбинаҳо. Баландии сақф то 100 метр аст, ки дар он метавонӣ чанд бинои 16 — ошёна ё як микрорайонро ҷой кард. Чанд ҳазор мошин кӯҳи сангу хокро аз он ҷо баровардаанд, аз тасаввур берун аст.
Нависанда Проханов, ки ба наздикӣ ба ин ҷо омада буд,бо тарзи тавсвирҳои образнокаш, ки хоси ӯст, ин маконро «тамаддуни зеризаминии бесобиқа” номида буд Ӯ ба ваҷд омада навиштааст: “Дар ин ҷо ривоят дар бораи он ки дар маркази Замин азимҷуссаҳое зандагӣ мекунанд, ки бо нафаси худ хокро зинда мекунанд, ба ҳақиқат табдил ёфтааст” Дар ҳақиқат , сохтмон бо зебоӣ ва ҳашамати худ касро ба ҳайрат меорад.Кор дар ин ҷо ҳанӯз дар замони мавҷудияти СССР, дар миёнаи солҳои 1970 оғоз гардад буд.Майдони сохтмон аз қаъри баҳр дар баландии 1000 то 1700 метр ҷойгир шуда буд. То роҳи оҳани наздиктарин 80 километр. Дар паҳлуи он барои сохтмончиён шаҳр бунёд гардид. То оғози соли 1990 нисфи корҳои сохтмонӣ дар НБО ба охир расиданд. Аммо дар ин вақт вохӯрии “хотирмон”-и Елсин, Шушкевич ва Кравчук дар Беловежск баргузор гардид, ки боиси пош хӯрдани СССР ва паст шудани суръати сохтмон гашт.Оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сабабгори қатъ гаштани сохтмон шуд. Ҳама чизро дар ин ҷо ба яғмо бурданд, вайрон карданд ва ҳатто тарконданд.
Бояд иҷрор шуд,ки Тоҷикистон новобаста ба мушкилоти давр назди худ вазифа гузошт,ки ин лоиҳаи бузурги шӯравиро, ки сарбанди он баландтарин дар ҷаҳон аст (335 метр) ба охир расонад. Ҳатто барои идомаи сохтмон маъракаи ҷамъоварии маблағ аз мардум ба роҳ андохта шуд. Ҳоло дар ин ҷо 16 ҳазор нафар кор мекунанд. Интернатсионали ҳақиқӣ-аз фаронсавиҳою итолиёвиҳо сар карда, то олмониҳою чиниҳо, ба ғайр аз тоҷикон фаъолият доранд. Ба русу украинҳо ҳам вохӯрдан мумкин аст. “Онҳо байни ҳамдигар чӣ гуна муносибат мекунанд?” -мепурсам аз роҳбалад.” Таври муқаррарӣ, дар ин ҷо ба сиёсат ҷой нест, ба ғайр аз ин, онҳо дар қитъаҳои гуногун кор мекунанд ва амалан бо ҳамдигар вонамехӯранд”
Баъд аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ аксари русҳо ба Русия фирор намуданд. “Падар”-и НБО-и “Роғун” Николай Савченков низ ашк дар чашм аз ин ҷо рафт. Баъдтар ӯ иқрор шуд, ки гумон дошт ба таври доимӣ ин ҷоро тарк намуд. Аммо тақдир чизи дигар гуфт: баъд аз тасмими Тоҷикистон дар мавриди оғози дубораи сохтмон Савченковро ҳамчун мушовир даъват карданд. Муҳимияти сохтмони НБО “Роғун” — ро барои минтақа дарк намуда, ӯ ба таври қатъӣ ба ширкати минбаъдаи Русия дар амалӣ гардидани ин лоиҳа пофишорӣ намуд. Ба сатҳи “аз ҳама боло” нома навишт. Аммо аз муовини сардори яке аз департаментҳои “Минэнерго” ҷавоб гирифт, ки навиштааст: “Манфиати иқтисодиро дар лоиҳа намебинем”. Камтар вақт нагузашта, худи Савченков ҳам аз сабаби беморӣ ба Русия баргашт.
Чунин иттифоқ афтод,ки акнун нақши Русия дар сохтмони НБО“Роғун” хеле кам аст. Техника дар он ҷо асосан ҷопонӣ, чиноӣ, ҳарчанд мошинҳои дар Ӯзбекистон истеҳсолшудаи MAN ва мошинҳо аз Беларус ҳам дучор меоянд. Ҳамаи роҳбарони сохтмон худи тоҷиконанд.
Игор Черняк, сармуҳаррири “Аргументы и факты”
Тарҷума аз сомонаи “aif.ru”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ