Таманниёти Президенти Қазоқистон ба Эмомалӣ Раҳмон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш аз тариқи телефон Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев шодбош гуфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба Эмомалӣ Раҳмон сиҳатмандии комил, некрӯзӣ ва дар фаъолияташ комёбиҳои бузург, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу амонӣ ва шукуфоӣ орзу намуд.
«Сарони давлатҳо раванди рушди афзояндаи ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро зикр карда, атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон мубодилаи афкор анҷом доданд», — омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки рӯзномаи мулоқотҳои қарибулвуқӯи сатҳи олӣ дар Остона мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор дошт.
Дар суҳбати телефонӣ Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамчунин нисбат ба масоили алоҳидаи рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми тарафайн ибрози назар намуданд.
Ҳамчунин, шурӯъ аз субҳи имрӯз чанде аз сарони кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Владимир Путин, Президенти Русия, Си Ҷинпин, Президенти Чин, Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Эрон Сайид Иброҳими Раисӣ, Президенти якуми Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ва дигарон бо ирсоли номаи табрикотӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 70-солагиаш табрик кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 70-умин солгардашро таҷлил дорад. Ӯ 5 октябри соли 1952 таваллуд шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ