Таманниёти солинавӣ
Соли нав соли пур аз шодӣ шавад,
Соли ваҳдат, соли озодӣ шавад.
Раҳ наёбад ғам ба хони ҳеҷ кас,
Соли бахту файзу ободӣ шавад,
Субҳу шом дар паҳлӯи фарзанди хеш,
Меҳри гарми ҳар падар ҷорӣ шавад.
Аз фироқу дарду ҳиҷрони писар,
Ашки чашми модарон орӣ шавад.
Ғуссаву ғам аз дили мо дур бод,
Соли файзу соли хушҳолӣ шавад.
Кош ҳама бигрифта раҳ сӯи Ватан,
Мулки ғурбат тезтар холӣ шавад.
Раҳ наёбад дарду ғам бар қалби мо,
Рӯи олам пок зи беморӣ шавад.
Файзу нусрат бештар гардад фузун,
Гум зи дунё номи нодорӣ шавад.
Кинаю буғзу адоват дур бод,
Соли неку соли ғамхорӣ шавад.
Баҳри халқи худ таманно парварад,
Нурзода, меҳр сарборӣ шавад.
Мамнур Нурзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ