Таманно аз ҷабри падар худкушӣ кард

Таманно дар оила фарзанди дуюм буда, ҳамагӣ 17 сол дорад. Духтарак ҳамагӣ ду сол дар мактаби миёна хонду халос, баъди ин падараш ӯро аз мактаб гирифт.
Хурд бошад ҳам, вай рӯзи дароз аз паси кору бори хона овора буд, аммо ба ҷойи шукрона кардан, ки духтараш дастёр шудааст, падари ношукраш Асатулло Шарипов мудом ӯро зери мушту лагад мегирифт. Онҳо дар оила 4 фарзанд буданд, вале аз чӣ бошад, ки падараш  Таманноро бештар азобу шиканҷа медод…

Орзуҳои бодбурда

Инсон бо орзу зинда аст. Дар дили Таманно низ аз кӯдакӣ орзуи ширине ниҳон буд. Духтарак мехост хонда прокурор ё милиса шавад, вале бо ҳукми падар аз таҳсил дар мактаб маҳрум гашту орзуҳои ширинаш ба боди фано рафтанд. Аслан ҳамааш айби амакаш, охир “духтара чию хонданаш чӣ?!” гӯён, падарашро балво дода маҷбур кард, ки Таманноро дигар ба мактаб рафтан намонад.

Алами дил

Ба духтарак як чиз бисёр алам мекард, падараш худаш ӯро аз мактаб гирифту акнун “ту  бесаводи гов” гӯён, шаъну шарафашро паст мезад, ба иззати нафсаш мерасид ва бисёр бераҳмона лагадкӯб мекард. Вақте ӯро бесавод гуфта паст мезаданд, дили Таманно ба фиғон омада мехост фарёд занад, ки шумо маро аз мактаб гирифта чунин бесавод кардед, пас барои чӣ акнун таъна мезанед, вале боз худдорӣ мекард. Хотири номи баланди падарро доштанаш духтарак лому мим нагуфта ба ҳама ҷабру ҷафои ин мард тоқат мекард, бегуноҳ бошад ҳам, хомӯшона мушту  лагади ӯро таҳаммул менамуд, аммо…

Ҳавз, ки пур шуд…

Мардуми тоҷик масали хубе доранд: “Ҳавз, ки пур шуд, мерезад!” Косаи сабри Таманно низ аз ҷабру зулми падар оқибат лабрез гашт ва як рӯзи наҳс раги дасташро бо корд бурид, то ҷонаш аз чунин ҳаёти сагона халос шавад.  Ҷон дар ҳақиқат чизи ширин будааст, вақте ки корд дасташро бурида хун якбора фаввора зад, духтар ба таҳлука афтида, осемасар дасташро бо чанд метр матоъ маҳкам баст. Хушбахтона корд раги дасташро набурида танҳо ба пӯст осеб расонида будаасту Таманно зинда монд.

Духтарак гумон дошт, ки баъди ин ҳуши падараш ба сараш зада, дигар нисбати ӯ ҷабру зулм намекунанд, вале хаёлаш хом баромад….

Ҷазои духтари тӯйгард

Дар деҳаашон тӯй шуд ва Таманно низ қатори дигар духтарон ба арӯсхона рафта, каме дертар баргашт. Падараш аз дер кардани ӯ ба ғазаб омада дар шаби сарди зимистон духтараки бечораро таги як курта аз дар берун кард ва дарвозаро аз дарун қулф карда, таъкид намуд, ки агар касе аз аҳли оила дарро ба рӯйи Таманно кушояд, ӯро зинда намемонад. Духтарак аз хунукӣ мисли барги бед ларзида, қариб ду соат дар ҳавои сард дар кӯчаи торик ин тарафу он тараф рафт, оқибат дили модараш ба ӯ сӯхта дарро кушод ва фармуд, ки бе овоз ба хона даромада хоб равад, то падараш огоҳ нашавад.

Ҳамон шаб Таманно то саҳар як лаҳза мижа таҳ карда натавонист. Духтарак аз таъсири хунукӣ, ки дар тӯли ду соати дар кӯча мондан аз мағзи устухонаш гузашта буд, ҳатто дар даруни ҷогаҳи гарм низ дарақ-дарақ меларзид ва саҳифаҳои ҳаёти талхашро як-як  варақ зада, оби дидагонаш мисли дарёи маҷрогумкарда ба рӯи болин мешорид…

Дар ҳалқаи дор

Рӯзи 1 январи соли 2017 ҳама мардум соли навро ҷашн гирифта хурсандӣ мекарданд, аммо ба дили Таманно на ид меғунҷиду на хандаю бозӣ ва шодию тараб. Аз ҷабру зулми падар ҷони ҷавони ӯ ба лабаш расида буд ва мехост ба ин ҳаёти бемаънӣ хотима гузорад. Духтарак хеле кӯшиш кард, ки худро бо кору бори хона андармон намуда, оташи гулхани  ғаму дардро, ки дар дилаш аланга мезад, фурӯ нишонад, вале суханони нешдор, таънаю маломат ва мушту лагади падар мисли навори кино аз пеши чашмаш гузашта, як алами ӯро сад алам мекард….

Қарибиҳои намози шом Таманнои аз зулми падар ба ҷон расида ба ҳоҷатхона даромад ва бо шарфи дар сараш буда худро буғӣ кард…

Фиғони модар

Таманноро дар ҳоҷатхона беҳушу беёд хобида дида, фиғони модари зораш ба фалак печид. Фарёди ҷонкоҳи ӯро шунида ҳаққу ҳамсояҳо ҷамъ шуданд ва Таманноро ба беморхонаи шаҳраки Ҳисор бурданд. Табибони ҳозиқ зуд дасту остин барзада аз пайи расонидани кӯмак шуданд ва бо талошу ҷонбозиҳои зиёд ҷони ҷавони духтаракро аз панҷаи марг наҷот доданд, аммо…

Ҷазои падари золим

Таманно дар мактаби миёнаи №116-и шаҳри Ҳисор таҳсил мекард.

Бар хилофи талаботи моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  гирифтани маълумоти умумии асосии нуҳсоларо ҳатмӣ эълон намудааст, падараш Асатулло Шарипов ба таҳсил намудани ин духтари ноболиғ монеъ гашта, бо баҳонаи паст будани шароити зиндагӣ Таманноро аз мактаб гирифтааст. Ин марди беандеша дар баробари аз  таҳсил маҳрум намудани фарзандаш бо ӯ муомилаи бераҳмона намуда, мунтазам шаъну шарафи духтарашро паст зада, ӯро лату кӯб мекардааст. Духтараки ноболиғ ба ҷабру зулм ва зӯроварии падар тоб наоварда, чанд маротиба кӯшиши худкушӣ карда бошад ҳам, дар мурофиаи судӣ изҳор дошт, ки вай падарашро дӯст медорад ва намехоҳад, ки аз рӯйи ӯ шуда, падараш ба зиндон афтад, аммо…

Суд рафтори судшаванда Асатулло Шариповро дар асоси КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон банду баст намуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро ба муҳлати 5 сол сазовор донист ва ҳамчунин рӯёнидани ҷаримаро дар ҳаҷми 40 000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин намуд. Умедворем, ки тақдири ин мард ба дигар падару модарон дарси ибрат гашта, минбаъд садди роҳи саводомӯзии фарзандонашон намегарданд ва муносибати бераҳмонаро нисбати аҳли оилаву пайвандони худ раво намебинанд…
Вализода Таҳмина, судяи суди ш. Ҳисор,
Раҷабалӣ  Шернаев, айбдоркунандаи давлатӣ

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *