Таманнои 16-соларо кӣ кушт?

Дирӯз соати 13-00 аз маҳаллаи Профсоюзи пойтахт ҷасади духтараки 16-соларо ба шаҳри Кулоб бурда, ба хок супориданд. Яке аз наздикони Таманно, ки худро Зарина номид, сабаби марги ин паричеҳраро ба хабарнигори «Tajikistantimes.com» чунин шарҳ дод:  Таманнорро дар чорроҳаи Боғи Парчам чор рӯз пеш мошин зер карда буд. Мо ӯро дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон бурдем. Давоми чор шабонарӯз Таманно дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи Қарияи боло дар ҳолати марги клиникӣ мехобид. Табибон хеле кӯшиш намуданд, ки ҷони ин духтараки ҷавонро аз панҷаи марг наҷот диҳанд, вале ин ба онҳо муясар нагашт. Рӯзи 5-уми баъди садама вай ҷон ба ҷонофарин супурд…
Аз нақли Зарина чунин бармеояд, ки ҳамон рӯзи наҳс Таманно бо ҳамсинфонаш  ба тамошои боғи Парчам рафта будаанд ва вақти аз роҳ гузаштан кадом ронандаи беиҳтиёт духтаракро   бо мошинаш зада аз ҷои ҳодиса фирор намудааст. Имрӯз падару модари ин духтараки ҷавонмарг дар сӯги фарзандашон зор-зор мегирянд, ҳамсинфонаш низ мотам доранд, зеро Таманно духтаре буд беозор, хушчакчақ, забонширин, хоксор ва дидадарро…

 Умедворем,ки мақомотҳои дахлдор он ронандаро пайдо карда,ба ҷавобгарии  қонунӣ мекашанд.

Рустам Азимов

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *