Тамдиди карантин дар Қазоқистон

Рӯзи 13 июл президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар як нишасти хабариаш иттило дод, ки дар робита ба вазъи беҳдоштӣ дар кишвар, низоми карантин ду ҳафтаи дигар тамдид мешавад.

Тоқаев ҳамзамон афзуд, ки ҳукумат ба ҳар кадом шаҳрванди ниёзманд наздики 100-долларӣ кӯмак мерасонад.

Гуфта мешавад, ки дар Қазоқистон баъди дубора афзоиш ёфтани шумори гирифтони каронавирус шуруъ аз 5 июл ба ин тараф карантини дуҳафтаина эълом шуда буд. Дар ин росто фаъолияти чанде аз корхонаҳо, марказҳои хизматрасонӣ, тиҷорати чакана манъ ва равуо байни минтақаҳо маҳдуд шуд.

Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳози дар Қазоқистон 59 ҳазору 899 ҳолати гирифторӣ ва 375 ҳолати марг аз коронавирус сабт шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *