Сармаҳмад Раҳимзода

Таъмини об бо 15 миллион доллар дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо харҷи каму беш 15 миллион доллар барои сокинон оби нӯшокӣ оварда мешавад. Лоиҳа дар ду соли оянда амалӣ мегардад.

Сармаҳмад Раҳимзода — раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯз, 16-уми феврал гуфт, ки ин лоиҳа бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории ташкилоти JICA-и Ҷопон амалӣ хоҳад шуд. Баъди амалишавии лоиҳаи мавриди назар беш аз 61 ҳазор аҳолӣ бо оби тозаи нушокӣ таъмин мешаванд.

«Сокинони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз таъминоти оби нӯшокӣ мушкилӣ доштанд. Баъди амалишавии лоиҳаи мазкур мушкили чандсолаи сокинон бартараф мешавад»,- таъкид кард вай.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон 187 ҳазор ҷамъият дорад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *