Таъмини сокинон бо оби нӯшокӣ дар Ёвон
Бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ба деҳаи Ғарави ноҳияи Ёвон хати оби нушокӣ кашида мешавад. Деҳаи мавриди назар, ки каму беш 10 ҳазор ҷамъият дорад, ҳанӯз оби нушокӣ надоштанд.
Саёҳат Абдуллозода, муовини раиси ноҳияи Ёвон дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки ба деҳаи Ғарави ҷамоати деҳоти Даҳана дар ду марҳила хати оби нушокӣ кашида мешавад. Ӯ мегӯяд, ҳоло корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи аввал оғоз карда шуд ва беш аз 200 хоҷагӣ бо об таъмин мешавад.
“Хати оби нушокӣ бо ташаббуси мақомоти маҳаллӣ ва саҳмгузории USAID оварда хоҳад шуд. Оби нушокӣ аз масофаи се километр оварда мешавад ва марҳилаи аввал моҳи марти соли оянда ба охир мерасад”,-гуфт номбурда.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ меҳмонон ва масъулин аз намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳаи Ғарав дидан карданд. Бахтиёр Шарифӣ, раиси ноҳияи Ёвон мегӯяд, “мо барои амалишавии лоиҳае, ки ба манфиати мардум аст, ҳамкорӣ мекунем”.
Ба таъкиди вай, бо кашидани хати оби нушокӣ мушкили чандсолаи сокинони деҳаи Ғарав пурра ҳал хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ