Тамоку мардро «ҳез» мекунад?
Тамоку мардро мекушад?
Тавре тадқиқотҳо нишон медиҳанд, никотин ба қувваи ҷинсӣ таъсири сахт мерасонад. Бовар надошта бошед, ба далелҳо назар кунед.
Сигоркашӣ ба мард чӣ гуна зарар мерасонад?
Вақте ки рагҳо танг мешаванд….
Сараввал механизми ташаккулёбии рағбати ҷинсиро дида мебароем. Гардиши хуби хун рағбати ҷинсиро таъмин менамояд. Сигоркашӣ рагҳоро танг ва хунро ғафс мекунад. Акнун худатон хулоса бароред, ки сигор рағбати ҷинсиро кам мекунад ё зиёд.
Заҳрро як заррааш ҳам заҳр
Аксари одамоне, ки сигор мекашанд ва ҳатто нафарони дар умрашон сигор намекашидагӣ низ бар он назаранд, ки тамоку баъди чанд сол ба саломатии инсон зарар мерасонад, вале дар асл чунин нест. Никотин моддаи бисёр заҳрнок буда, таъсири манфияшро дарҳол мерасонад, яъне аз сигори аввал.
Мардро безурриёт мекунад
Дар дуди тамоку пайвастагиҳои зиёди кимиёвӣ мавҷуд аст. Аксари онҳо ба қувваи мардӣ таъсири бевосита мерасонанд, ҳатто баъди як дона сигор низ мард қобилияти фарзанддоршавиро аз даст дода метавонад. Ба ғайр аз ин, сигор сабабгори як қатор бемориҳо мегардад, вале вақте мард аз сигор даст мекашад, дарҳол саломатияш рӯ ба беҳбудӣ меорад.
Чилим ҳам тамоку аст
Аксари нафарони сигоркаш бар он назаранд, ки аз одати бади онҳо қабл аз ҳама шушҳо зарар мебинанд, дар асл бошад, никотин аз ҳама зиёдтар ба рагҳои хунгарди дил таъсири ногувор мерасонад. Сигоркашҳо гумон мекунанд, ки чилим безарар аст, вале ангидриди карбон омили зараррасонест, ки ҷисми нафари сигоркашро ҳангоми кашидани чилим низ абгор месозад.
Импотент шудан мехоҳед?!
Таъсири бади тамокукашӣ ба гардиши хун сабабгори пайдошавии мушкилӣ дар қувваи мардӣ мегардад. Албатта сабабҳои дигари кам шудани қувваи мардӣ вуҷуд доранд, вале маҳз тамокукашӣ сабаби №1-и импотент шудани мардон аст. Мувофиқи омор нафарони сигоркаш 2 маротиба бештар гирифтори пастшавии қувваи мардӣ мегарданд. Никотин, нейротоксини пурзӯр буда, рағбати ҷинсиро паст месозад ва ба сифату миқдори манӣ таъсири ногувор мерасонад.
Сигор, рағбати ҷинсӣ ва фишори руҳӣ
Аксаран нафарони сигоркаш пай намебаранд, ки ҳамарӯза фурӯ бурдани дуди тамоку боиси аз моддаҳои заҳрнок пур шудани ҷисм ва норасоии ҳавою моддаҳои ғизобахш мегардад. Дар натиҷа шахси сигоркаш пайваста дар ҳоли руҳафтодагӣ ва ҳаяҷони зиёд қарор гирифт, худро ҳамеша хастаю бемадор эҳсос менамояд.
Мутаассифона, дилбастагони сигор ин ноҷуриҳои рухдодаро пай набурда, танҳо баъди паст шудани қувваи мардӣ ва дигар мушкилиҳо бонги хатар мезананд. Сабаб дар он аст, ки ҷараёни заҳролудшавии ҷисм ба оҳистагӣ сурат мегирад. Шахси сигоркаш ба бад шудани ҳолаташ одат карда, онро ҳамчун чизи муқаррарӣ қабул мекунад. Фишори руҳӣ бошад, боз як омили пастшавии қувваи мардӣ аст.
Навмед нашавед!
Аксари мардон савол медиҳанд, ки оё баробари аз сигор даст кашиданашон рағбати ҷинсӣ барқарор мешавад? Беҳбудӣ кай дида мешавад ва оё ҳаёти маҳрамона беҳтар мегардад?
Худдорӣ аз ин одати бад ба шумо имкон медиҳад, ки ба зудӣ ҳаёти маҳрамонаи худро беҳтар гардонед. Хеле хуб мебуд, ки тамоман аз сигор даст кашида, зиндагии худро бо ранги тоза оғоз намоед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ