Тамошобин зери пои асп монда мурд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як мард ҳангоми тамошои бузкашӣ хабар дод.
Тавре аз ин ниҳод иттилоъ доданд, ҳодисаи нохуш 11-уми январи соли 2017 дар ноҳияи Деваштич рух дод: “Тахминан соати 11:30-дақиқа, сокини 49-солаи ноҳияи Деваштич ҳангоми тамошои бузкашӣ дар минтақаи Калининободи ноҳияи мазкур аз беэҳтиётиаш зери галаи асп мондааст”.
Дар натиҷа ин тамошобин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ