Тамринҳои тактикии кормандони КҲФ дар Шарораи Ҳисор (аудио)
Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шарори шаҳри Ҳисор оид ба мудофиаи гражданӣ машқҳои махсуси тактикӣ доир намуданд.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, машқ дар асоси Нақшаи асосии чорабиниҳои шаҳри Ҳисор оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ 100 нафар сокинони маҳаллаи Ганҷрез иштирок намуда, инчунин бо ташаббуси Ҳукумати шаҳри Ҳисор аз ҷониби корхонаи хишти «Корвони аср» як экскаватор ва як мошини КАМАЗ барои тоза кардани маҷрои сели рустои Ганҷрез ҷудо карда шудааст.
— Зимни чорабинӣ барои пешгирии омадани сел бо истифода аз техникаи муҳандисӣ дар масофаи 300 метр боз як буриши сели 1х1 кофта шуд, ки имкон медиҳад ҷараёни эҳтимолии об дар вақти омадани сел байни кӯчаҳо тақсим карда шавад,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ