Танқид сабаби барканории раиси Кумитаи амният шуд

Соронбой Ҷеенбеков, президенти   Қирғизистон ду мақоми баландпояи амниятиро, ки бо президенти пешин наздик будаанд, аз мақомҳояшон барканор кардааст.

Абдил Сегизбоев, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва муовини ӯ Болот Суюмбоев рӯзи 7-уми апрел аз мақомҳояшон сабукдӯш шудаанд. Барканории ду нафар аломати дигаре аз авҷ гирифтани таниш байни Соронбой Ҷеенбеков ва Алмосбек Отамбоев медонанд, ки то 6 моҳ пеш бо ҳам наздик буданд. Отамбоев дар интихоботи моҳи октябри соли 2017 Соронбой Ҷеенбековро тарафдорӣ мекард, аммо дар ҳафтаҳои гузашта ба танқиди ӯ пардохт. Баъди танқиди президенти  собиқ, барканории мақомҳои наздик ба ӯ аз ҳукумати Қирғизистон шурӯъ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *