Танҳо имом-хатибон ҳаққи никоҳ карданро доранд!

Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хостори манъи хондани ақди никоҳ аз тарафи рӯҳониёне шудаанд, ки расман имом-хатиби масоҷид нестанд. Ҳусейн Шокиров, як масъули Кумитаи дин  гуфтааст, тарҳи ин пешниҳод аллакай ба порлумону Додситонии кулл фиристода шудааст. «Барои риоя накардани қоидаи нав хостем, ки ё ҷавобгарии ҷиноӣ ё ҳадди ақалл ҷавобгарии маъмурӣ таъин шавад», — афзуд ӯ.

Ҳусейн Шокиров ҳамчунин  гуфтааст, ки тасмими онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз никоҳи ноболиғон ва никоҳҳоест, ки дар идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) ба қайд гирифта нашудаанд. Вай афзуд, «имом-хатибони масоҷид чун масъулият доранд, аз навхонадорон ҳатман хатти ЗАГС-ро пурсида ва сипас никоҳ мекунанд. Аммо баъзе аз рӯҳониён бе вуҷуди никоҳи расмӣ низ навхонадоронро зану шавҳар эълон карда ва аз паёмади корашон фикр намекунанд.»

Дар Тоҷикистон, ки беш аз 90 дарсади аҳолиашро мусалмонҳо ташкил медиҳанд, ақди никоҳи шариатӣ дар баробари никоҳи давлатӣ амри муҳим аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *