Танфурӯшӣ аз нигоҳи ислом
Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон!
Сипос Парвардигорро, ки инсонро офарид ва дар вуҷуди ӯ истеъдодҳо ва ғаризаҳои гуногунро ба вуҷуд овард. Дини мубини ислом вуҷуди ғаризаи ҷинсиро инкор намекунад, балки дастур ба эътидол ва миёнаравӣ дар он медиҳад ва аз ҳар навъ нопокию олудагӣ ва каҷравиҳои эътиқодӣ, ахлоқӣ ва амалӣ инсонҳоро бозмедорад.
Аз масоили муҳиме, ки ҷомеаи башарӣ бояд онро риоя кунад, то ба саодат ва оромиш дар зиндагӣ даст ёбад, иффату покдоманӣ аст, ки дар тамоми динҳои осмонӣ ва хусусан дар дини мубини ислом ба ҳифзу посдории он таъкиди фаровон шудааст. Тавсияҳои комил дар ин боб ироа гардидааст ва аз анвои равишҳои ғайрифитрии омезиши ҷинсӣ дар тамоми динҳо, бахусус дар дини ислом наҳй шуда, ин амал ҳаром ва ноҷоиз қарор дода шудааст. Пас набояд ҷомеаи инсонӣ инчунин роҳҳоеро, ки сад дар сад зиёнбору хатарнок ва зояндаи бемориҳост, дар пеш бигирад.
Ғаризаи ҷинсӣ, ки дар инсон вуҷуд дорад, монанди оташи сӯзоне аст, ки аз умқи вуҷудаш забона мекашад ва шуълавар мегардад. Одам, агар лаҷоми нафси саркашро ба даст нагирад, нангу номус ва ахлоқу шарафи инсонии худро аз даст медиҳад. Аз нигоҳи дини мубини ислом ин бадтарин амал ва манҳустарин роҳи қонеъ кардани шаҳват мебошад. Беиффатӣ ин табоҳии насл, барбодии шарофати инсонӣ, латма ба ҳайсият ва ситам ба худу аҳли хонавода ва ҷамъият аст. Беиффатӣ инсонро ба дараҷаҳои паст расонда, ӯро дар сатҳи поёнтар аз ҳайвонот қарор медиҳад. Аксари он касоне, ки ба ин падидаҳои номатлуб рӯй меоранд, ҷавононанд ва ин беҳаёиро дар беҳтарин лаҳзаҳои умри худ касб кардаанд. Бояд ҳар шахси солимақл биандешад, ки ҷавонӣ ситораест, ки фақат як бор дар осмони умр медурахшад. Ҳар як инсони шариф бояд лаҳзаҳои дурахшони зиндагӣ, яъне овони ҷавонии худро ба омӯзиши илму ҳунар ва касбу пешравиҳои назаррас паси сар намояд. Чунонки шоир фармуда:
Аз ҷавонон ба ҷаҳон номи накӯ мемонад,
Фасли гул мегузарад, накҳати бӯ мемонад.
Мутаассифона, афроди сустирода ва бешахсияте низ ҳастанд, ки ин лаҳзаҳои пурқимати умрро бо беҳаёӣ, оворагардӣ, фаҳш ва беҳудагӯӣ бесамар паси сар мекунанд. Шоир фармуда:
Дар ҷавонӣ пок будан шеваи пайғамбарист,
Вақти пирӣ гурги золим мешавад парҳезгор.
Инсоният, ки ашрафи махлуқот аст, бояд толиби саломатии ин олам аз ҳама олоишҳову нуқсонҳо ва бадахлоқиҳо бошад ва ақли солим низ ба ин хотир ба инсоният ато шудааст, то онро ба кор барад ва ҳаёти худу дигаронро доғдор насозад.
Хушбахтии инсон дар амал кардан ба фармудаҳои Худованд ва тавсияҳои Расули акрам (с) мебошад, зеро инсон пас аз мубтало шудан ба ин амалҳои зишт, агар сидқан пушаймон шавад ва тавба кунад, умед аст, ки тавбааш пазируфта шавад ва роҳи иффату покӣ насибаш гардад. Худованд дар каломи хеш мефармояд:
«Ва ӯ Он аст, ки тавбаро аз бандагони Худ қабул мекунад ва аз бадиҳо дармегузарад ва он чӣ мекунед, медонад». (Сураи «Тавба», ояти 25)
Чун банда тавба мекунад, дубора нур ба қалбаш бармегардад. Чунончи шоир мефармояд:
Гар тавбаи ту насуҳ бошад,
З-он тавба туро футуҳ бошад.
Расули Худо (с) умматонашро ташвиқу тарғиб менамояд, ки чун амали бад намуданд, зуд ба дунболи он амали некӯ намоянд:
“Дар ҳар куҷое, ки бошӣ, аз Худо битарс ва ба дунболи амали бад, кори нек бикун, ки онро маҳв созад ва бо мардум бо шеваи ахлоқи хуб муомила кун!” (Ба ривояти имом Тирмизӣ ва Ҳоким)
Инсони мусалмон бояд барои ислоҳ ва поксозии нафсаш кӯшиш намояд. Худованд мефармояд:
“Ҳар кас нафси худро аз гуноҳ ва бадкорӣ пок ва муназзаҳ созад, бешак растагор хоҳад буд ва ҳар кӣ ӯро ба куфр ва гуноҳ палид гардонад, албатта зиёнкор хоҳад гашт”. (Сураи «Шамс», ояти 9)
Инчунин Расули акрам (с) фармудаанд:
“Ҳамаи мардумон субҳ менамоянд, пас баъзе аз онҳо нафси худро мефурӯшад ва баъзе дигар нафси худро (аз оташи дӯзах) озод менамояд, ё онро ҳалок месозад”. (Ривояти Муслим)
Мусалмонон дар ислоҳ ва поксозии худ бояд аз дуо фаровон истифода намоянд, зеро дуо силоҳи бузургест, ки ба василаи он одамизод аз гуноҳон худро дур нигоҳ медорад ва дар ороста кардани худ ба ахлоқи ҳамида аз он истифода менамояд.
Ҷамолиддин Хомӯшӣ,
устоди ДИТ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ