Танг омаду нанг омад! (аудио)
Киштӯдӣ аз Воруху Овчиқалъача дидан кард.
Даҳшат!
Ваҳшат!
Эй вой, намедиду намесӯхт. Хонаҳои аз бомби бесарнишину тӯпу туфанги қирғиз сӯхтаю валангор, падаронро бо ашки шашқатор ва модаронро рӯйкандаву мӯйканда дар мотами фарзандон дарёфт. Чӣ гуноҳе аз ин мардум гузашта бошад? Шояд замоне ғалате содир карданд? Магар ғалат буд, ки ворухиёну қистақӯзиён дари хонаҳояшонро ба рӯи қирғизҳои хонасалоти кӯчманчӣ боз карданд, бо оғӯши боз онҳоро пазируфтанд!? Онҳоро чӯпон интихоб карданд, молашонро чаронданд, чун хода рост истода, посбони дару даргоҳашон шуданд… Нон доданд, об доданд, онҳоро аз ҳамхобагӣ бо хару гов раҳониданд, дар шафати хонаашон барояшон хона сохтанд… Қариб буд ки духтар диҳанд. Шояд дода ҳам бошанд.
Дастандаркорони тоҷике, ки шояд таборашон аз ин қавм буд, муҳри хомӯшӣ ба лаб ва муҳри “қонунӣ” ба “моликият”-и ғайриқонунии қирғизҳо заданд.
Заминфурӯшӣ ватанфурӯшист. Ҳоло фурсат аст, ки парда аз рӯи ин хиёнаткорони давлату миллат бардошта шавад.
Киштӯдӣ модаронро ба сабри ҷамил ҳидоят кард ва сар ба сари падарон гузошта, гиря кард. Аммо куҷо метавон хуни дар дару девор шахшудаи фарзандонро бо оби дида шуст!?
Амали кӯчманчиҳои қирғиз як лаҳзаи манқуртшавии қирғизҳоро аз китоби “Плаха”-и Чингиз Айтматов пеши назар овард. Ӯ донист, ки кӯчманчиёни аз беватанӣ дар ватани тоҷикон ватанёфта ҳамон манқуртҳоянд, ки сӯи падарашон тир кушоданд.
Бо манқурт ба забони муомила (дипломатия) гап задан ғафлатзадагист!
Киштӯдӣ мехост дарёбад, ки чаро саркардагони ҳарбии қирғиз хонаҳои мардуми оддӣ ва тифлонро нишони бесарнишинҳояшон қарор доданд? Мехостанд мардумро ноором созанду ба по хезонанд? Мехостанд бо ин амалашон чашми ворисони Деваштичу Темурмалику Восеъро тарсонанд?
Киштӯдӣ ба хонаҳои валангор ва осмони беканор нигарист ва хост дарёбад, ки чигуна аз баландии беш аз 9 000 метр бесарнишинони “Байрактар”-и туркӣ ин хонаҳоро ба нишон мегиранд? Чӣ тавоне дорад тиру туфанг пеши ин балои охирзамон — бесарнишини “Байрактар”?
Ин лаҳза акси вазири мудофиа дар назди бесарнишини эронӣ (“Абобил-2”) ва гуфтушуниди ӯ бо туркҳо барои хариди “Байрактар”, ки дар саҳифаҳои аввали рӯзномаҳо чоп шуда буд, пеши назари Киштӯдӣ омад.
Куҷоянд онҳо?
Ё магар ин ҳам фейк буд?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ