Тангаҳои нави филизӣ ба ҷойи 1, 3, 5 сомониҳои фарсуда

Бонки миллии Тоҷикистон аз санаи 20 июни соли 2018 тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва тангаҳои филизиро бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам ба муомилот мебарорад.

Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти БМТ, ин иқдом бо мақсади таъмин намудани талаботи муомилоти пули нақди ҷумҳурӣ бо пулҳои майда, аз ҷумла тангаҳои филизӣ, инчунин тоза нигоҳ доштани пулҳои нақд дар муомилот ва сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар роҳандозӣ мешавад.

Гуфта мешавад, тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам, барориши соли 2018 дар қатори тангаҳои филизии барориши солҳои 2001, 2006, 2011, 2015 ва 2017, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2018 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда, чораҳои заруриро меандешад.

Барои қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба тангаҳои филизӣ ташкилотҳои қарзӣ метавонанд бо пешниҳоди дархост аз Бонки миллии Тоҷикистон ба қадри зарурӣ ва саривақт тангаҳои арзишашон номиналиро бе мамониат ва маҳдудият дастрас намоянд.

Бояд қайд кард, ки тангаҳои “сомонӣ” бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва “дирам” бо арзиши номиналии 10, 20, 50 дирам, барориши соли 2018 дар корхонаи сикказании Бонки миллии Қазоқистон истеҳсол шуда, бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 18 июни соли 2018, таҳти № 84 ба муомилот бароварда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки нахустин тангаҳои филизии арзиши 1, 3 ва 5 сомонӣ соли 2017 ба муомилот бароварда шуданд.

Он замон зимни нишасти хабарӣ муовини аввали раиси Бонки миллӣ Ҷамолиддин Нуралиев ба журналистон изҳор дошта буд, ки пулҳои коғазии арзиши 1, 3 ва 5 сомонӣ бисёр серталаб буда, хеле зуд фарсудаву корношоям мешаванд ва аз ин рӯ, ояндаи наздик чунин пулҳои коғазӣ бо танга иваз карда мешаванд. Алҳол ҳам пулҳои коғазӣ ва ҳам пулҳои филизӣ баробар дар муомилот истифода мешаванд.

Бознашр аз Азия Плюс

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *