ТАНОСУХИ ИМОН ДАР ТОБИШҲОИ НАВ

Расонаӣ шудани боз як созмони наве аз ҷониби ба ном «мухолифини тоҷик» -ТЭТ ҲНИ, Анҷумани озодандешони тоҷик, Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ бо унвони «Паймони миллии тоҷикон» дар маркази Иттиҳоди Аврупо,  дар шаҳри  Варшава рӯзи 9 сентябри соли равон   бори дигар собит сохт, ки агар инсон ба хотири ғаразҳои шахсӣ дар хизмати хоҷагони бегона қарор гирифта, ба мазҳабу ватанфурўшӣ ва хиёнат ба миллати хеш одат карда бошад, барои вай на танҳо Ватану миллат, ҳатто падару модар ва аҳли байташ низ дигар ягон арзише надоранд.

Муҳиддин Кабирӣ ва дигар раҳбарону баъзе аъзои ТЭТ ҲНИ ба ҷои он ки аз кардаашон пушаймон шуда, чун дигарон дар ватан, дар паҳлўи падару модар ва аҳли байти худ осудаҳолона зиндагӣ карда, ба меҳнати ҳалолу созанда машғул шаванд,    дар роҳи  адои «қарзи фарзандхондагӣ»-и  хеш  дар назди «падарандарҳо»-и аҷнабиашон пайгирона бо  усулҳои  гуногун  хиёнатро дар  ҳаққи  Ватану Миллат  ва аҳли байту рӯҳу  арвоҳи  онҳо идома бахшида, акнун эъломияеро барои таъсиси кадом як созмони нав бо номи «Паймони миллии тоҷикон» эълон додаанд.

Онҳое, ки  аз хиёнату қатли оми ТЭТ ҲНИ дар нисбати Ватану мардуми Тоҷикистон бохабаранд,   хуб медонанд, ки ин созмон асосан як унвони нави ТЭТ ҲНИ мебошад, ки то кунун бо усули «таносухи имон» аз як мазҳаб  ба мазҳаби дигар сурат мегирифт. Имрўз  ба шакли  «таносухи имон» ба  беимонӣ,  яъне озодандешӣ ҷилва мегардад. Зеро то имрўз интихоби мазҳабҳои ваҳҳобияю шиаи имомияи дар тирагии сиёсати хумайниӣ тобишёфта дигар ба дарди аз хиёнат пухтарасидаи ТЭТ ҲНИ нахўрд.

Бисёр тааҷҷубовар ва хандаовар аст, ки имрўз дар фаъолияти ТЭТ ҲНИ «имондорӣ» бо «озодандешӣ»   тавъам омадаанд. Ҳол он ки дар афкори динӣ-сиёсии наҳзатиён озодандешӣ ҳамеша ба ҳайси “куфру бидъат” бо беимонӣ муродиф аст.  Бубинед, манфиатҳои  ғаразнок, хиёнат ба Ватану миллат инсонро то ба куҷо мебарад! Худи ҳамин далел то ба чӣ андоза мазҳабу  имонфурўш  будани ТЭТ ҲНИ-ро ошкор месозад.

Боварӣ дорам, ки «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон» ва «Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Иттиҳоди Аврупо» низ унвонҳои дигари нави ТЭТ ҲНИ мебошанд ва  яке аз узви ин ассотсиатсияи муҳоҷирон худи М. Кабирӣ  маҳсуб меёбад.

ТЭТ ҲНИ як вақтҳо ҳаракати «Ансоруллоҳ»-ро низ ҳамчун як шуъбаи худ таъсис дода буд, вале имрўз аз он зоҳиран канорагирӣ менамояд, гӯё ки “Ансоруллоҳ” дигар барои ТЭТ ҲНИ вуҷуд надошта бошад. Вале коршиносон медонанд, ки “Ансоруллоҳ”, ки сарвараш мулло Амриддин аст, яке аз қанотҳои ТЭТ ҲНИ буда, аслан барномаи онро иҷро менамояд. Ин усули корро ТЭТ ҲНИ аз бародарони ҳаммаслакаш “Ихвону-л-муслимин” ва “Ҳизбуллоҳ”-и Эрон таҷриба гирифтааст.

Албатта, хоҷагони бурунмарзии ТЭТ ҲНИ низ ин «писархонд»-и угаяшонро ором намегузоранд. Дар урфият мегўянд: «Нонамро хӯрдӣ, ғозашро бидеҳ». Охир сарварони ТЭТ ҲНИ дар тўли маҷудияташон даҳҳо миллион доллари хоҷагони хориҷиашонро аз худ карда, сарватманд шуданд, вале «орзуҳо»-и онҳоро барои пиёда сохтани нақшаҳои геосиёсиашон амалӣ карда натавониста, гирифтори ғазаби онҳо гардиданд ва бояд  гуноҳашонро ҷуброн намоянд. Ин қонуни олами ҷиноят аст.

Аз ин лиҳоз,  ҳолати  рўҳии ТЭТ ҲНИ ва ҳаммаслакони  онҳоро     фаҳмидан  мумкин аст. Ин бечорагон дар байни  обу оташанд. Ҳаёташон  аз ҷониби  хоҷагони бурунмарзиашон дар зери хатар қарор дорад. Ин хатарро он чи, ки   хоҷагонашон  иғвоангезона аз забони зархариди ватанфурўши дигар Расулов М., ки чанде пеш    ба ҷаҳониён эълон доштанд, ошкоро нишон медиҳанд. Расулов М.  Аз    сабаби ноўҳдабароию  ҳаромкориаш ҳанўз соли 2003 аз КДАМ-и Тоҷикистон ронда шуда буд, вале ҳангоми расонаӣ кардани иғвои ТЭТ ҲНИ   худро корманди ин ниҳод номидааст.   Худ андеша кунед, оё КДАМ-и  Тоҷикистон   ба шахсе, ки ба  сабаби ноуҳдабароӣ ӯро аз  сафаш рондааст ва  душманаш мебошад, метавонад қасди ҷони касеро бовар кунад?

Аён аст, ки ин ҷо таҳдиде, ки ба ҷони сарварони ҲНИ  вуҷуд  дорад, аз номи КДАМ эълон гардидааст. Аз ҷониби дигар, ин як кўшиши аз сўи ТЭТ ҲНИ ва хоҷагонаш бадном сохтани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар арсаи байналмиллалӣ мебошад. Ҳадаф аз ин кӯшиши онҳо дар ягон шакли нав эҳё  кардани ТЭТ ҲНИ ва  бо дасти он амалисозии нақшаҳои геосиёсии хоҷагонаш мебошад.

Аз ин рў, роҳи ягонаи наҷоти М.Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ба мисли Сатторов Аёмиддин аз карда пушаймон шудан, аз мардуми Тоҷикистон узр пурсида, ба Ватан баргашта, ба меҳнати ҳалол шуғл варзидан мебошад. Мардуми Тоҷикистон то ба имрўз аз хиёнату нағмаҳои ТЭТ ҲНИ чунон дилгир ва зираку ҳушёр шудаанд, ки агар ТЭТ ҲНИ садҳо бори дигар худро дар пўсти бузу гўсфандҳои гуногунранг ҷилва  созад  ҳам, кӣ будани онро мефаҳманд ва ниёз ба ягон хел «Паймони миллии тоҷикон»-и хиёнаткори ватанфурўш надоранд. Ҳеҷ гоҳ «паймон»-и чанд нафар хиёнаткори Ватану миллат наметавонад  паймони миллии нўҳ миллион шаҳрванди Тоҷикистон бошад.

  Қамар НУРУЛҲАҚОВ,
коршинос

 

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *