Тантанаи Наврӯз дар ДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ (аксҳо)

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.

Дар чорабинӣ намояндагон аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур иштирок намуданд.

Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҷашни Наврӯз на танҳо фарогири суннат ва анъанаҳои неки инсонӣ, инчунин, муаррифгари таъриху фарҳанг ва ойинҳои деринаи миллатамон аст.

Дар саҳни донишгоҳ бошад,  намоиши дастархони Наврӯзи байналмилалӣ иборат аз ҳафт син ва ҳафт шин ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин, барномаи фарҳангӣ иборат аз суруду мусиқӣ пешниҳод гардида, ҳозирин дар зери оҳангҳои зебою дилнишин рақсу шодӣ намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image