Тантанаи наврӯзӣ дар Мачитон
Имрӯз дар Муассисаи давлатии маркази миллии беморҳои шуш ва ҷарроҳиҳои кафаси сина тантани наврӯзӣ баргузор гашта истодааст.
Тантанаро Шарипов Фирӯз директори Муассисаи давлатии маркази миллии беморҳои шуш ва ҷарроҳиҳои кафаси сина (Мачитон) ҳусни оғоз бахшида ҳозиринро ҳайрамақдам гуфт. Номбурда дар суҳбат бо хабарнигори сомони tajikistantimes.com гуфт: дар ҷашни наврӯзие ки баргузор гашта истодааст меҳмонони зиёд ба табрикоти мо омадаанд. Аз ҷумла Раҷабзода Аслиддин директори маркази ҷумхуриявии ҳимояи аҳолӣ баьд аз бемории сил, аз донорҳои хориҷӣ USAID лоихаи (ХОБ) ғайрҳо мебошанд. Ҳамчунин дар ин ҷашнвора кормандони 14 шӯъбаи беморхона ва бемориҳое, ки барои атрофиён бехавфанд, яьне балғами онҳо манфӣ аст, иштирок доранд.
Дар сарзамини мо рӯзи дуюм аст, тантанаҳои назрӯзи идома дорад ва то рузи 25 март идома хоҳад ёфт.
Омодасоз Маҳинаи Давлат
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ