Тантанаи ҷашни Меҳргон дар ДМТ (аксҳо)
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷашни куҳанбунёди тоҷикон — Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил гардид.
Намояндагони сохторҳои мухталифи донишгоҳ аз дастархони идонаи чанде аз факултетҳои донишгоҳ, ки фарогири меваю сабзавоти ватанӣ ва гушае аз ҳунарҳои мардумӣ буд, боздид намуданд.
Сипас дар толори фарҳангии Донишкадаи Конфутсий бо иштироки меҳмонону устодони донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода зимни суханронӣ зикр кард, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад.
Дар идома, устодони донишгоҳ: Равшан Раҳмонӣ – профессори факултети филология ва Ҷонибеки Асрориён — устоди факултети таърих доир ба таърихи ҷашни Меҳргон суханронӣ карда, таъкид доштанд, ки гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳматҳои кишоварзон ҷашн мегирифтанд.
«Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон бо шукӯҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғaллaкopoн, бoғy токпарварон, чорводорон, механизаторони меҳнатқарин бо ғaйpaти дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд»- таъкид шуд дар чорабинӣ.
Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи ансамбли халқии «Наврӯз»-и Донишгоҳ барномаи хотирмони фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ