Танзим ба афзоиши буҷети оилаҳо мусоидат намуд
Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинони маҳаллаи 65-ум барпо гардид. Зимни ифтитоҳи вохӯрӣ мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳияи Фирдавсӣ Муҳаммадтолиб Ҳусейнов иброз намуд, ки ҳадафу мақсади вохӯрии мазкур ба мардум расондани моҳияти мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва ҷамоатчигии пойтахт бахшида ба 10-солагии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Сипас имомхатиби масҷиди маҳалла Илҳомиддин аз баргузории чунин мулоқоти судманди Пешвои миллат изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки он ниҳоят саривақтӣ ва ба ҷавобгӯ ба дархости мардум мебошад.
Мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Заҳро Қӯзибоева, сармутахассиси бахши танзим ва маросимҳо Сиёмиддин Назаров, мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ аз суханрониҳои Пешвои миллат дар мулоқоташ бо фаъолону аҳли ҷамоатчигии шаҳри Душанбе далелҳо оварда, ҳозиринро ба фаъолнокӣ ва ҳушёрию зиракӣ даъват карданд. Таъкид шуд, ки Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва љашну маросимњо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пеш аз ҳама, боиси болоравии маданияти маъракагузаронӣ ва пайдо шудани омори дақиқи чорабиниоҳ гардида, муносибати мардумро ба маросиму маъракаҳо дигаргун сохт.
Дар даҳ соли амалӣ гардидани ќонун беш аз як миллиону чорсад ҳазор маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна чоруним миллиард сомонӣ сарф гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 18 миллиард сомониро ташкил кардааст. Яъне, ин маблаҳо ба фоидаи мардум ва афзоиши даромади буҷети оилаи онҳо мусоидат намуданд.
Ҳайати гурӯҳи корӣ инчунин дар бораи риояи ҳатмӣ ва бештари Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгаро, баландбардории маърифати шаҳрнишинӣ, саҳмгирӣ дар ободонии пойтахт ҳарф заданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ