Танзим баҳона-маблағ ба хона

Қонуни танзим баромад нағз шуд, аммо ҳамин гӯшҳои тезшунавам хабару гапҳои хушу нохушро аз ҳама пеш мешунавад, гоҳо аз худи қаҳрамон ҳам. 27-28 сентябр шунидам, ки дӯстам дар хонааш тӯй доштааст. Албатта хурсанд шудам, ки тӯйи ӯ баъди қабули Қонуни ҶТ  “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  гузронида шуд, ки ин ҳам ба худаш ҳам ба навхонадорон фоида асту эканом. Вале хурсандиям дер напоид. Аниқтараш  як корманди бахши танзими шаҳри Турсунзода ба бехи гӯши шодиям як мушти обдор фароварда монд-лаб ба армон кушод- Насим.

-Ҷӯра, дар масъалаи танзим то тавонӣ гап назан, ин гапу кори бозича нест охир. Рушантар гап зан, аниқтар фаҳмон ки чи гапу чи кор шудааст? Охир ҳозир масъалаи №1 ҳамин танзим  аст-ку! Мана худат ҳамроҳи ман дар мурофияи судии собиқ раиси Китобхонаи миллӣ,  Сайфиддин Назарзода рафтӣ, дидӣ, ки  сабаби то суд рафтани масъала нақзи қонуни танзим буд. Ҳол он ки ҳамон шабу рӯз,  ки назорати масъалаи қонуни танзим пурзӯртар шуда буд, Назарзода то роҳравҳои туйхона одам шинонда, охираш ҳам аз вазифаи ба ҷон баробараш маҳрум шуду  ҳам  12500 сомонӣ ҷарима. Ҳол он ки ба гуфти кордонҳои мо “Назарзода метавонист шахсияти меҳмонҳоро муайян кунад, онҳоро пурсад, ки кӣ ҳастед бо даъвати кӣ омадаанд ва аз маърака берун кунад”-эрод гирифт Шодмон аз ҳамсӯҳбаташ.

-Эҳ дӯстам, шахси мансабдор аст ё бемансаб, хулас дигар одамон қонуни танзимро вайрон кунанд албатта бахшиданӣ набошад ҳам, фаҳмиданӣ. Аммо масъулин “танзим баҳона-пулҳо ба хона” кунанд бисёр аламовар будааст. Корманди  танзим худаш обро лой кунад, боз дамдамаю ҳамҳамаи соҳибмаъракаҳо ба миён омаданаш мумкин-эҳтимол кард Насим.

-Шафшаф нагу, шафтолуи гапро гап зан. Ягон оғои ишкамдори мо “нарушения” кардаст-мӣ?

-Бале, корманди танзими шаҳри Турсунзода.

-О, аниқтар гап зан, кӣ будаст ӯ?, чӣ кор кардааст?, дар кадом тӯй “сайд”-ашро ёфтааст?… ҳамсӯҳбаташро саволборон кард Шодмон.

Тоқат кун ба ҳамаи савоҳоят бо навбат ҷавоб медиҳам:- Андалеб Ҳакимов, масъули бахши танзим дар ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода дар дебочаи китоби нақшаҳояш навиштааст:-Оҳамро худо ва Ҷаноби олӣ шунидану қонуни танзим қабул шуд. Кайҳост, ки соати 2-и шаб  намози мехондам, ки тезтар пул ҷамъ карда ду-се ҷо хонача харида мондам барои рӯзи мабодо. Шукр, ки туйи одамони серпулро худам назорат мебарам ва ба ҷаҳми даҳонам ғунҷидагӣ маблағро метавонам “ташрифпулӣ ” кунам. Албатта аз рӯи инсоф бояд нархи ташрифамро муқаррар кунам-1000 то 5000 сомонӣ.  Ҳамчунин ба қадри  арзишҳои миллӣ расида бояд бо сомонӣ гапзанон кунам, на ин ки доллари бегона…

 Хулоса тӯйи домодиву арисӣ кардани як сокини ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода аз соҳибони маърака ҳам Ҳакимовро бештар шод мекард, зеро аз каллаи саҳар дилаш гувоҳӣ медод, ки имрӯз кисаҳои пулташнаи ӯ об мехӯранд. Чунон ки дар китоби нақшаҳояш  ваъда додааст, аз рӯи инсоф бо сомонӣ гап зада,  аз соҳибтӯй 1075 сомонӣ пора хостааст. Ҳакимов пулро дидаасту кормандони агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро не.  Ҳамин пулҳои беинсоф инсофи қавии   Ҳакимовро шикаста дода, сабаб шуданд, ки нисбатш бар асоси моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шуда, тамоми  амалҳои “савоб”-и ӯ мавриди тафтиш қарор гирад…

                                                                                                                                                         Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *