Танзим: идгардак, ҳоҷиталбон, ақиқа манъ аст

Ахиран ислоҳоти баҳсбарангез ба Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» қабул шуд.  Вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон 19-уми июн ислоҳотро ба қонуни мазкур пазируфтанд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон онро имзо кард. “Тоҷикистон” тасмим гирифт, ки нукоти муҳими ин қонунро нашр намояд.

БОБИ 3. ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ 

Моддаи 9.

Ҷашнҳои расмӣ

1. Ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Иди байналмилалии Наврӯз, Иди Меҳргон, Иди Сада, Иди Рамазон, Иди Қурбон ва идҳои дигар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

2. Дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон дастархони камхарҷи идона ороста шуда, исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ аст. 

Моддаи 10.

Зодрӯз

Ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.

Моддаи 11.

Хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак 

1. Маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва маъракаҳои дигари вобаста ба таваллуди кӯдак дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии ҳунармандон баргузор карда мешаванд.

2. Маросими хатнасур ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила ва бе хизматрасонии ҳунармандон гузаронида мешавад.

3. Хатна бо розигии падару модар дар давоми як моҳи баъди таваллуди писар дар муассисаҳои тиббии дахлдор бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ба таври ройгон гузаронида мешавад.

4. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ аст.

Моддаи 12.

Тӯйи домодию арӯсӣ

1. Тӯйи домодию арӯсӣ бо гузаронидани на зиёда аз ду маърака ва дар давоми на бештар аз ду рӯз ба таври ихтиёрӣ бо оростани зиёфат барои то 150 нафар ва додани оши тӯй барои то 200 нафар аз ҳисоби ҳар ду ҷониб гузаронида мешавад. 

2. Ташкили маъракаҳои фотиҳаи тӯй, маслиҳатошӣ, идонабарӣ, сандуқбарон, сарупобинон, чойгаштак, раисталбон, қудоталбон, ноншиканон, хонакашон, модарталбон, падарталбон, рӯйбинон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтозон (роҳбандон), тақдими сарупо барои меҳмонони тарафҳо ва хешу табори домоду арӯс ва маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд, ба истиснои тақдими туҳфаҳо барои домоду арӯс ва падару модари онҳо, манъ мебошанд. 

3. Маросими домодталбон ва арӯсбинон ба таври ихтиёрӣ дар доираи оила бо иштироки то 15 нафар гузаронида мешавад.

4. Падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафҳо метавонанд ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон ё барои корҳои хайриявию эҳсонконӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хати об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо сарф намоянд.

5. Гусели арӯсу домод бо истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав гузаронида мешавад. 

6. Маросими бақайдгирии давлатии ақди никоҳ аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти дигари дахлдор амалӣ карда мешавад. 

Моддаи 13.

Маросими ҳаҷ ва умра

1. Маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронида мешаванд.

2. Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст. 

3. Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои дар қисми 2 моддаи мазкур манъшуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хати об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд. 

Моддаи 14.

Маросими дафну азодорӣ

1. Маросими ҷаноза бе маҳдудияти шумораи иштироккунандагон сурат мегирад.

2. Маросими се, чил ва сол бе забҳи чорво ва додани таом гузаронида мешаванд.

3. Дар маросими дафну азодорӣ забҳи чорво ва додани таом, ташкили оши сари тахта, душанбегӣ, ҷумъагӣ, ҳафт, бист, шашмоҳагӣ, ҳамчунин додани пули нақд ва ашёи дигар, ба истиснои ҳақи хизмати қабркан ва мурдашӯй, манъ мебошанд. 

Моддаи 15. Ҷойи баргузории ҷашну маросим

1. Ҷашну маросим дар майдончаҳо (ҳавлиҳо)-и назди биноҳои истиқоматӣ, дохили манзили истиқоматӣ, тарабхона, қаҳвахона, ошхона ё тӯйхонаҳо бо риояи тартиботи ҷамъиятӣ гузаронида мешаванд.

2. Маросими мавлудхонӣ ба таври ихтиёрӣ танҳо дар масҷидҳо бе ҷамъоварӣ ва додани маблағи пулӣ ва таом сурат мегирад.

Моддаи 16. Вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим

1. Тӯю маъракаҳо дар шаҳрҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22, дар шаҳраку деҳот (аз ҷумла шаҳраку деҳоти тобеи шаҳр) дар рӯзҳои истироҳатӣ аз 1 апрел то 31 октябр аз соати 6 то соати 22, аз 1 ноябр то 31 март аз соати 8 то соати 22 ва дар рӯзҳои корӣ аз соати 18 то соати 22 гузаронида мешаванд. 

2. Давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда мешавад. 

БОБИ 4. ТАРТИБИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ҶАШНУ МАРОСИМ

Моддаи 17. Тартиби хизматрасонӣ дар ҷашну маросим 

1. Хизматрасонии ҳунармандон дар тӯю маъракаҳо дар асоси шартномаи хаттии тарафҳо бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

2. Маъмурияти тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхонаҳо уҳдадоранд хизматрасонии тӯю маъракаҳоро дар асоси шартномаи хаттии тарафҳо ба роҳ монда, ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо талаботи Қонуни мазкурро вобаста ба шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории онҳо риоя намоянд.

Ҷазо барои нақзи қонун сангинтар шуд

Тарҳи нави Қонун “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” миқдори ҷаримаҳоро низ дар сурати вайрон кардани Қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” мушаххас намудааст. Аз ин ба баъд ҷарима барои нақзи қонун сангинтар гардид: аз 8 ҳазору 640 сомонӣ (ҳудуди 800 доллар) то ба 216 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 20 ҳазор доллар).

Барои нақзи муқаррароти қонун дар мавриди ҷашни зодрӯз, хатнасур, маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ:

Шаҳрвандон: 8 ҳазору 640 сомонӣ ҷарима.

Мансабдорон: 25 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима.

Барои нақзи талаботи қонун оид ба тӯйи домодию арӯсӣ, теъдоди меҳмонҳо ва замони баргузории ҷашну маросим:

Шаҳрвандон: 15 ҳазору 840 сомонӣ ҷарима.

Мансабдорон: 39 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима.

Барои нақзи меъёри қонун доир ба тартиби гуселу пешвози ҳоҷиён (фарзӣ ва умра), ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва тақсими туҳфаҳо, оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо:

Шаҳрвандон: 21 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима.

Мансабдорон: 57 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима.

Ҷаримаи ҳунармандон, молики тарабхона, қаҳвахона, ошхона ва тӯйхона барои риоя накардани шумораи даъватшудагон ва вақти баргузории тӯю маъракаҳо:

Аз 21 ҳазору 600 то 108 ҳазор сомонӣ ҷарима.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *