Танзиму Конститутсия ба мактаб омаданд

Дар китобҳои «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» барои синфҳои 8,9 ва 10 бобҳои алоҳида ворид мешаванд, ки дар онҳо Конститутсия ва ё Қонуни асосӣ, омӯхта мешавад. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 9 январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки ҳамчунин бо фармони раиси раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби ин тағйирот ба хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10 қонуни «Масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ва қонуни «Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба таври пурра омӯзонида мешавад. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон афзуд, дар назар аст, ки омӯзиши иловаҳо ба китоби «Асосҳои давлат ва ҳуқуқ» аз моҳи сентбри соли оянда оғоз шавад ва дар ҳоли ҳозир раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ Маҳкам Маҳмудзода ва директори Маркази миллии қонунгузории назди президент Маҳмад Раҳимзода онро омода мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *