Тарҳи ҳамла ба Осиёи Марказӣ. Мулоқоти пинҳонӣ бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон мегӯяд, ки Толибон 16 узви раҳбари гуруҳҳои террористиву экстремистиро дар вилоятҳои шимолу шарқи ин кишвар мустақар кардаанд.

Ҷабҳаи муқовимат бо нашри як хабарнома гуфт: “Ҳоҷӣ Фирқон, раҳбари ҷунбиши исломии «Туркистони шарқӣ*», Мавлавӣ Иброҳим, масъули «Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон*», Шайх Зокир, масъули «Таҳрики исломии Ӯзбекистон*” ва Абдулҳақ Уйғурӣ, масъули шохаи «Ал-қоида*» дар шимоли Афғонистон 20-уми августи соли 2022 ба Кобул омаданд ва дар кӯчаи ба номи вазир Акбар Хон, дар ҳавилии Ҳоҷӣ Афзал, ки узви шабакаи «Ҳаққонӣ*» аст, се рӯзро сипарӣ карданд”.

Ба гуфти Ҷабҳаи муқовамат, ин раҳбарони гуруҳҳои мусаллаҳи хориҷӣ бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати корҳои дохилии Афғонистон дидор ва тавофуқ кардаанд, ки то шаш моҳи оянда 50 дарсад аз тамоми ҷангҷӯёни хориҷӣ ба Осиёи Миёна оварда шаванд.

Ҷабҳа гуфтааст, бар бунёди тасмимҳо ва хулосаҳое, ки дар хонаи Ҳаққонӣ анҷом шуд, қарор аст шумори зиёди ҷангҷӯён аз кишварҳои арабӣ ва кишварҳои минтақа вориди хоки Афғонистон шаванд.

Гуфта мешавад, Мавлавӣ Иброҳими тоҷик аз сӯи шабакаи «Ҳаққонӣ» масъули умумии шабакае аз ҷангҷӯёни хориҷӣ таъйин шудааст, ки бо «ДОИШ*» иртиботи зиёд дорад.

«Аз сӯе ҳам Мавлавӣ Иброҳим, раҳбари ҷамоати «Ансоруллоҳи Тоҷикистон» ва масъули шохаи «ДОИШ» дар шимоли Афғонистон дар охири моҳи август дар шаҳристони Имом Соҳиб дида шудааст»,- афзудааст Ҷабҳаи муқовимат.

Ёдовар мешавем, ки ахиран Тоҷикистон аз ҳузур ва таҷаммуъи густурдаи террористон дар Афғонистон дар Маҷмаи Умумии СММ ибрози нигаронӣ кард. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки Афғонистон босуръат дар ҳоли табдилёбӣ ба як паноҳгоҳи амн барои гуруҳҳои террористӣ ва ҷастгоҳ барои густариши ифротиёни тундгарои Толибон қарор дорад.

«Мо корҳои муназзамро оид ба интиқоли гуруҳҳои мусаллаҳи муташаккили размандагон аз ҳисоби зодагони Осиёи Марказӣ ба шимоли Афғонистон мушоҳида дорем, ки иттиҳод ва бунёди мабдаи нави таниш дар наздикии сарҳадҳои моро ҳадаф қарор додааст»,- нигаронӣ кард вазири Тоҷикистон.

*Дар Тоҷикистон гуруҳи террористӣ эътироф шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *