Тарҳи муҷассамаи нави саги алобой тасдиқ шуд

Шомуҳаммад  Дурдилиев, шаҳрдори Ишқободи Туркманистон тарҳи нави муҷассамаи  навъи саги туркманиӣ — алобойро муаррифӣ кард.

Бар асоси тарҳи нав Пояи ин муҷассама 36 метр дарозӣ ва 9 метр баландӣ хоҳад дошт. Худи саг шаш метр баландӣ дошта, дар пояи он бо ҳарфҳои тилоӣ Turkmen Alabayy навишта хоҳад шуд.

Расонаҳо менависанд, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон тарҳи нави муҷассамаи саги алобойро шахсан тасдиқ кардааст. Бердимуҳаммадов дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар васфи алобой китобе навишт.

Алобойи туркманӣ — саги чӯпонӣ буда, барои ҳифзи рама ва ҳайвонҳои дигар аз ҳамлаи ҷонварони ваҳшӣ истифода мешавад. Алобой то 70 сантиметр баландӣ дошта, вазнаш то 80 килограмм мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *