Тарҷумаи филмҳо. Он чӣ гуна сурат мегирад?

Аксари мардум муштоқи филму силсилафилмҳои маъруфи ҷаҳонӣ ҳастанд ва онҳоро бо забони модариашон тамошо кардаву аксар вақт, ҳатто аҳамият намедиҳанд, ки филм тарҷумашуда мебошад. Бахусус филмҳои туркиву ҳиндӣ, ки миёни мардуми мо маҳбубияти зиёд доранд.

Дубляж чист?

Филм тарзе дубляж мегардад, ки бинандаву шунаванда ҳатто пай намебаранд, ки овозҳо садоҳои аслии худи ҳунармандони филм нест. Ҳатто ба баъзе садоҳои зебо одат низ мекунанд ва агар рафту садои як ҳунарманд дар вақти дубляжи сериал иваз гардад, зуд инро пай бурдаву дар навбати аввал ба овози ҳунарманди дигар чандон одат намекунанд.

Суханро ба дарозо намекашем, шояд бисёр нафарон надонанд, ки раванди овоздиҳӣ чӣ гуна сурат мегирад. Мо дар арафаи Рӯзи кинои тоҷик, ки ҳамасола 16-уми октябр таҷлил мегардад, тасмим гирифтем роҷеъ ба ин мавзуъ ҳарф бизанем.

Дубляж тайёр намудани фонограммаи нутқи филм бо забони дигарро дар назар дорад, ки мазмуни маъноии он бо тарҷума комилан мувофиқ аст. Дар вақти дубляж садои аслии филм пурра бо фонограммаи нав иваз карда мешавад! Барои дубляж пеш аз ҳама тарҷумон тарҷумаи адабии филмро анҷом медиҳад. Баъд муҳаррир матнро тавре коркард менамояд, ки ибораҳо на танҳо аз рӯйи дарозӣ бо ибораҳои аслӣ, балки ба артикулятсияи актёрҳо низ мувофиқат кунад. Гоҳе таҳрири матнро худи тарҷумон низ анҷом медиҳад. Тарҷумаи бомаҳорат бояд ҳазлу шӯхиҳо ва истилоҳҳои аслиро ҳифз намояд ва шеърҳо низ ба назм тарҷума шаванд. Унсури муҳими филми дубляжшуда дар он аст, ки садо бояд ба шароити акустикӣ мувофиқат кунад. Масалан, агар актёр дар дохили мошин бошад, овози дублёри ӯ низ бояд каме акси садо дошта бошад. Дар баъзе мавридҳо, коргардони дубляж худаш метавонад баъзе нақшҳоро, аз асосӣ то хурд ва низ нақшҳои лаҳзавӣ овоз диҳад. Ҳамзамон вазифаи муҳаррири матнро низ иҷро намояд. Яъне, масъулияти бузург ин ҷо ба зиммаи коргардони дубляж аст. Овози ровӣ ва дигар садоҳо алоҳида сабт карда мешаванд.

Аҷоиботи дубляж

Баъд аз он, ки филм тарҷума мешавад, барои овоздиҳӣ кастинг эълон мегардад ва ё коргардони дубляж худ ҳунармандони мувофиқро барои садо додан даъват менамояд. Қабл аз ҳама садои он нафаре интихоб карда мешавад, ки ба оҳанги аслии иштирокчии филм шабоҳат дошта бошад ва тавонад сифатҳои ӯро дар вақти дубляж нишон диҳад. Чунин ҳам мешавад, ки як нафар дар вақти овоздиҳӣ ба чанд қаҳрамон садо медиҳад ва албатта бо сабку оҳангҳои дигар, ки баъзан вақт тамошобин ё шунаванда чандон инро дарк намекунанд. Ба ҳунарманд аксар вақт нақши муайян таъйин карда мешавад. Баъзеҳо ҳамеша пирони хирадмандро садо медиҳанд, баъзеҳо симоҳои мусбат ва манфӣ, бархеи дигар бошанд, қаҳрамонҳои ҳаҷвиро овоз медиҳанд.

Сурудҳо дар филмҳо одатан дубляж карда намешаванд, ба истиснои баъзе филмҳои бачагона ё тасвирӣ ва филмҳои мусиқӣ-мазҳакавӣ. Гоҳи дигар барои ба тамошобин фаҳмо будани маънии сурудҳо тарҷумаи он ба тариқи зернавис навишта мешавад. Ҳамин тариқ, дубляжи пурра, ду ва ё яковоза, тарҷума ба тариқи зернавис ва синхронӣ вуҷуд дорад.

Баъзан як филм бо унвонҳои гуногун борҳо тарҷума гардидааст. Чунин ҳам шудааст, ки як филмро чанд студия тарҷума карда бошанд ва бо садодиҳии дигар. 

Бо рушди технология дар Русия ва пешрафт дар қарни муосир тарҷумаи яковозӣ ниҳоят ба дубляжи касбӣ гузашт. Феълан зиёд филмҳои тарҷумашуда дар Русия ду ва ё яковоза мебошанд.

Дубляж дар Тоҷикистон

Ҳанӯз аз солҳои сиюми қарни гузашта бо пайдоиши киноиндустрия дар мамлакат тарҷумаи филм низ ба вуҷуд омад ва бештар филмҳои таҳиянамудаи шӯравӣ ба забони тоҷикӣ баргардонида мешуданд. Мо инро дар мисоли филмҳои “Ленин дар соли 1918”, “Одами яроқдор” ва ғайра дида метавонем.

Бо ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дубляж дар Тоҷикистон рушд ёфтаву дар ин баробар филму силсилафилмҳои зиёде ба забони тоҷикӣ баргардонида шуданд. Саҳми як зумра ҳунарпешаҳои маъруф, дар мисоли Раҷаби Ҳусейн, Дилбар Умарова, Назирмади Мусо, Малоҳати Абдулло, Мавлонаи Наҷмиддин, Шуҳрати Раҳматулло, Ортиқи Қодир, Дурахшони Ортиқ ва дигарон дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ хело ҳам бузург аст.

Маҳз дубляж аст, ки бинандагон дилхоҳ филмро бо забони модарӣ ва ё забони барояшон фаҳмо тамошо кардаву ҳаловат мебаранд.  

Таҳияи Беҳрӯз САЙФУЛЛОЕВ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *