Тарҳи нави алифбои ӯзбекӣ муаррифӣ ва пешниҳод шуд
Муаллифони тарҳ ҳамчунин пешниҳод доранд, ки аз истифодаи «sh» ва «сh» худдорӣ ва барои ифодаи ҳарфҳои «ш» ва «ч» рамзҳои «ş» ва «ç» истифода шавад.
Гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии Донишгоҳи давлатии забони ӯзбекии Тошканд лоиҳаи ниҳоии алифбои ӯзбекиро муаррифӣ кард. Ин гуруҳ ба такмил ва содасозии алифбои ӯзбекии лотиниасос машғул аст.
Дар алифбои нав забоншиносон пешниҳод доранд, ки 30 ҳарф боқӣ монад. Ба ин тартиб, алифбои ӯзбекии лотиниасос ба шакли ниҳоии худ, ки соли 1993 қабул шуда буд, бармегардад.
Дар тарҳи нав пешниҳод шудааст, ҳарфи «с», ки ҳарфи кирилии «ц»-ро ифода мекунад, ба алифбо баргардонида шавад. Муаллифони тарҳ ҳамчунин пешниҳод доранд, ки аз истифодаи «sh» ва «сh» худдорӣ ва барои ифодаи ҳарфҳои «ш» ва «ч» рамзҳои «ş» ва «ç» истифода шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ