Тарабхонаи Месси 15 рӯз камбизоатонро бепул мехӯронад

Тарабхонаи ҳамлавари мунтахаби Аргентина ва бошгоҳи “Барселона” – Лео Месси, ки дар шаҳри Росариои Аргентина ҷойгир аст, барои шахсони камбизоат ва нодор хизматрасонии ройгонро ба роҳ мондааст.

Тарабхонаи ҳамлавари мунтахаби Аргентина ва бошгоҳи “Барселона” – Лео Месси, ки дар шаҳри Росариои Аргентина ҷойгир аст, барои шахсони камбизоат ва нодор хизматрасонии ройгонро ба роҳ мондааст.

Ин иқдомеро Месси санаи 5-уми июл рӯи даст гирифт, ки тарабхонаи хусусии ӯ муддати 15 рӯз барои шахсони камбизоат ба таври ройгон хизмат кунад.

«Мо барои баъзе шахсон кофе, нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ва инчунин вино тақдим мекунем. Дар ин муддат ба тарабхонаи мо хеле шахсони зиёд ташриф оварданд, ки ҳамаашон аз мо миннатдор шуданд. Чун мо фаҳмидем, ки ниёзмандор бисёранд, тасмим гирифтем, ки ин иқдомро то 15 рӯз дарозтар ба роҳ монем. Ҳар шом аз соати 19 то 21 дари тарабхона ба рӯи камбизоатон боз аст», — дар ин бора гуфтааст менеҷери тарабхона Ариэл Алмад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *