Тарбуз — давои фаромӯшхотирӣ

Тарбузе, ки аксарияти мо дӯст медорем ва истеъмол мекунем, фоидаҳои бисёр дорад.

Тарбуз аз аминокислотаи L-ситруллин бой аст, ки дарди буғумҳоро бозмедорад.

Тарбуз меваи аз об бой мебошад. 91 фоизи он аз об иборат аст. Ғайр аз ин, тарбуз маҳсулоти полизии камкалория аст. Тарбуз барои фаъолияти чашм ва мағзи сар фоида дорад. Ду карч тарбузро истеъмол кунед, ба чашм ва қобилияти фикркуниатон фоидаи калон дорад. Ба гуфти мутахассисон, дар тарбуз мавҷуд будани витаминҳои А ва В6 аввал чашмро аз ҳар хел инфексияҳо ҳимоя кунад, дуввум хотираро мустаҳкам карда, суръати тафаккурро меафзояд.

Тарбуз аз нурҳои ултрабунафш ҳимоя мекунад. Аз ҷиҳати илмӣ исбот шудааст, ки организми инсон барои мубориза бо нури ултрабунафш ба якчанд маҳсулоти беназир ниёз дорад. Тарбуз ҳам айнан ба қатори ҳамин маҳсулот дохил мешавад. Дар он моддаи ликопин мавҷуд аст, ки барои мубориза бо радиатсияи гуногун ёрӣ медиҳад.

Тарбуз қандро ҷамъ мекунад. Вақти карч кардани тарбуз фруктоза ва глюкозаҳо умумӣ мешаванд. Барои ҳамин ба касоне, ки гирифтори диабети қанданд, тавсия дода мешавад, ки аз тарбузи навбурида камтар истеъмол кунанд. Тарбуз танаро аз шлакҳои зиёдатӣ тоза мекунад. Барои холестеринро аз бадан хориҷ кардан кумак мекунад. Тарбуз ҳозимаро беҳтар намуда, системаи рагҳо, гурда ва ҷигарро тоза мекунад. Тарбуз аз ҳама маҳсулоти полизии безарар ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *