Тариқи сомона чӣ тавр пул кор кардан мумкин аст?
«Инҷо низ ҳама чиз мисли ҳаёти воқеӣ аст: аввал барои сомона кор мекунед, баъдан он барои шумо кор мекунад!»
Якчанд роҳҳои асосии пулакӣ кардани имкониятҳои манбаи интернетии шумо мавҷуданд. Ва вақте ки шумо онро таҳия мекунед, танҳо дар марҳилаи корбурди идея бояд аллакай фаҳмед, ки ҳангоми ба кор андохтани он бо кадом роҳ пул кор хоҳед кард. Роҳ: аввал ман онро ба кор меандозам, баъдан муайян месозам — агар нодуруст бошад, бо эҳтимолияти зиёд он лоиҳаи шуморо дар қабристони бузурги интернетии стартапҳо дафн мекунад.
Фурӯши мол ё хизматрасониҳо дар сомона
Ин роҳи осонтарин ва маъмултарин аст. Аксар вақт чунин мешавад, ки шумо аллакай тиҷорат доред ва танҳо мехоҳед шумораи муштариёнро зиёд кунед. Сомона таъсис диҳеду таблиғ кунед ва муштариёни нав ба даст меоред. Махсусан дар бозорҳои рӯ ба тараққӣ мағозаҳои интернетӣ маъруфият касб мекунанд, ки фурӯшҳои онлайнии онҳо дер ё зуд аз фурӯши офлайнӣ зиёдтар мешавад ва онҳо метавонанд гипермаркетҳои онлайнӣ бошанду ҳама чизро, аз чуткаи дандоншӯйӣ то яхдон, фурӯшанд.
Рекламаи контекстӣ
Ин як навъ даромад барои танбалтаринҳост: шумо танҳо кодҳои воҳиди таблиғро дар сайт ҷойгир мекунед, ба монанди Google AdSense ва ҳар моҳ аз кликҳо ва таассуроти таблиғотии сомонаи худ даромад мегиред. Аммо як чизи муҳим вуҷуд дорад: барои он ки системаи таблиғот ба шумо имкони ҷойгиркунии онро диҳад, сомона бояд хеле маъруф бошаду трафики зиёд дошта бошад. Нуқтаи дуюм ин аст, ки агар шумо таблиғоти аз ҳад зиёд ҷойгир кунед, мизоҷонатон ба он вокуниши манфӣ хоҳанд дошт, ки боварӣ ба сомонаро коҳиш медиҳаду теъдоде аз корбарон метавонанд ба таври умум плагинҳо (барқароркуниҳои браузер)-ро истифода баранд, ки чунин таблиғҳоро бекор мекунанд.
Фурӯши ҳудудҳои таблиғотӣ
Қариб ҳамон тавре ки дар банди қаблӣ буд, фақат бо фарқияти он, ки шумо ё шуъбаи фурӯшатон қисмҳои баннериро барои таблиғ ба мизоҷон мефурӯшед. Аксар вақт онҳо мизоҷони B2B мебошанд, ки ба таблиғ дар сомонаи шумо таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Бартарӣ он аст, ки назар ба таблиғоти контекстӣ, шумо нархро барои ҷойгиркунӣ худатон муқаррар мекунед ва он метавонад ба таври назаррас гаронтар бошад. Аммо боз ҳам рекламадиҳанда ба теъдоди истифодабарандагони манбаи интернетии шумо таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Обунаҳои пулакӣ
Ин як усули хеле маъмули монетизатсия мебошад ва аз гирифтани даромади моҳона аз обуна ба мундариҷае иборат аст, ки корбар ба он таваҷҷуҳ дорад, масалан, дастрасӣ ба дастурҳои пухтупаз ё филмҳо. Ин метавонад ҳисоби махсусе бошад, ки дар портали шумо имтиёзҳо ва имкониятҳои муайян медиҳад. Онҳоро аксар вақт аккаунтҳои мукофотӣ ё профессионалӣ меноманд.
Хайрияҳо
Категорияи алоҳидаи сомонаҳо, ки шумо барои хайрия ё ягон лоиҳаи ҷолиб маблағ ҷамъ меоред, ба сармоягузорони эҳтимолӣ пас аз оғози он мукофотҳои муайяни сармоягузорӣ ваъда медиҳанд. Мутаассифона, дар амал ин гуна лоиҳаҳо аксар вақт комилан софдилона нестанд ва барои мақсадҳои мавҷуд набуда маблағ ҷамъ мекунанд.
Фурӯши сомона
Бале, бале, шумо барои он сомона таъсис медиҳед, ки онро фурӯшед. Сомонаҳо оид ба маҳсулот, чун қоида, дар якҷоягӣ бо тиҷорат пешниҳод карда мешаванд ва порталҳои интернетӣ бо ягон шакли монетизатсия ба фурӯш гузошта мешаванд.
Ҳангоми ба фурӯш гузоштани чунин портал шумо бояд даромаднокии он, дурнамои афзоиш, таҳлили пурраи трафик ва дигар параметрҳоро ишора намоед.
Агар шумо харидор бошед, пеш аз харид кардан тавсия дода мешавад, то бо коршиносоне тамос гиред, ки на танҳо веб-таҳлилро меомӯзанд, балки ба хусусиятҳои техникӣ — код, функсияҳо, нармафзори сервер ва ғайраҳо таваҷҷуҳ медиҳанд.
Дар анҷом мехоҳам қайд намоям, ки усулҳои дар боло тавсифшударо метавон дар як манбаъ муттаҳид намуд, то ба ин васила даромаднокӣ зиёд карда шавад.
Агар шумо ягон савол дошта бошед, метавонед шахсан ба ман тавассути телеграм нависед: @gkmatador
Муаллифи гӯша:
Максим ШУМСКИХ,
Директори генералии ширкати байналмилалии IT «Матадор»
Аз ҳама ҷолиб дар Telegram: t.me/matador_it
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ