Таърихи дақиқи моҳи Рамазон муайян шуд

Дар Тоҷикистон таърихи дақиқи оғози моҳи шарифи Рамазон муайян гардид.
Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо мушаххас шудаст, ки имсол ин рӯз ба 1 март рост меояд.

Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ки дар асоси маълумоти илмӣ ва бозёфтҳои Пажуҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, соли ҷорӣ моҳи Рамазон дар кишвар дар рӯзи шанбеи ҳафтаи равон фаро мерасад.

Тибқи ҳисоби исломӣ, нисоби закот 36 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст, ки 900 сомонӣ аз он закот дода мешавад.

Дар ин баробар фидяи савм барои нафарони дорандаи узри шаръӣ ва беморон барои як рӯз 16 сомонӣ ва барои 30 рӯз 480 сомонӣ таъйин шуда, фитри рӯза 8 сомонӣ ҳисоб шудаст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image