Таърихи Хатлон аз нигоҳи Ҷонибек Асрориён
Рисолаи нави олими маъруф ва пуркор Ҷонибек Асрориён бо номи «Достони Нозкӯл» ба тозагӣ нашр шуд. Он таърихи сарзамини таърихии Хатлонро бо далелу ҳовандҳо ба хонанда муаррифӣ менамояд.
Ҳамон тавре дар пешнависи китоб мехонем, «бештари матолиб хосияти таҳлилӣ — таҳқиқӣ дошта, аз гузаштаи минтақае пешниҳод шудааст, ки ба хонандаи одӣ дастрас набуд».
Дар рисола аз муборизаи фарзандони сарсупурдаи сарзамин бар зидди истилогарони арабу муғулу турк, аспони шуҳратманди хатлӣ ва анъанаву русуми мардум ҳикоёти дилчасп, маълумоти кофӣ пайдо кардан мумкин аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ