Таърихшиносони байналмилалӣ ба Тоҷикистон омаданд

Имрӯз, 18 март дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конфренсияи байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Таҳқиқотҳои маҷмуавии бостоншиносӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳамоиш бо ибтикори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш дар якҷоягӣ бо Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия, Институти археология ва этнографияи шуъбаи сибирии Академияи илмҳои Русия ва Донишгоҳи давлатии Алтай доир шуд.

Ба гуфтаи Насрулло Убайдуллоев, директори Институти таърих,  ҳамасола аз ҷониби институти мазкур зиёда аз 20 экспедитсияи бостоншиносӣ ташкил карда мешаванд, ки тақрибан 12 – 15 адади онҳо дар шарикӣ бо олимони хориҷӣ сурат мегиранд.

Бояд гуфт, ки конференсияи байналмилалии илмӣ дар мавзӯи “Таҳқиқотҳои маҷмуавии бостоншиносӣ дар Тоҷикистон” давоми ду рӯз — аз 18 то 20 – уми марти соли равон идома карда, дар он олимону донишмандони соҳаи илми таърих аз дохил ва хориҷи кишвар, аз  ҷумла Русия, Узбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Эрон,  Чин, Олмон,  Фаронса ва Амрико ба таври ҳузурӣ ва онлайнӣ иштирок намуда, дастовардҳои илмию амалии худро дар самти кашфиёти бошишгоҳ ва бозёфтҳои археологӣ дар ҳудуди Тоҷикистон бозгӯӣ менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *