Таркиш дар анбори Вазорати мудофиа (аудио)

Дар анбори аслиҳаи Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон воқеъ дар вилояти Сирдарё таркиш рух додааст.

Ҳодиса субҳи 22-юми октябр сар задааст. Дар натиҷаи ин таркиш қисман манзилҳои зист ва мағозаҳои атрофи анбор зар  дидаанд. Ҳамчунин, низомиҳо ва сокинони маҳаллӣ аз ин таркиш осеб дидаанд. Бино ба иттилои расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба мақомоти Ӯзбекистон, даҳҳо тан барои дарёфти ёрии тиббӣ ба бемористон муроҷиат кардаанд. 

Аммо вазорати тандурустии Узбекистон гуфтааст, ки ин ҳодиса талафоти ҷонӣ дар пай надорад. Аз 16 нафари зарардида 4 нафар дар бемористон бистарӣ карда шудаанд.

Ҳоло мақомоти Ӯзбекистон ба ҳисоб кардани хисорот шуруъ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *