Таркиш дар бемористони COVID-19, як куштаю чанд захмӣ

Субҳи 7-уми октябр дар як маҷмаи варзишии “Алпомиш”-и шаҳри Гулистони вилояти Сурхондарё таркиши лӯлаи оксиген рух дод. Ин муассиса дар давраи пандемия ба макони муваққатии нигаҳдошти беморони олудашуда ба COVID-19 табдил шуд. Радиои Озодлик хабар дод, ки дар таркиши лӯлаи 10-тоннагии оксиген 1 нафар куштаву даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуд, бархе дар ҳолати сангин қарор доранд. Вале мақомот гуфтанд, ки дар таркиш талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Шоҳидон мегӯянд, ки шиддати таркиш чунон сахт буд, ки дар натиҷа дар фосилаи 1 км дуртар аз маҷмаи варзишӣ шишаҳои тирезаҳои хонаҳо рехтанд. Баъди таркиш ба макони ҳодиса 10 мошини ёрии таъҷилӣ ҳозир шуд ва ин минтақаро кормандони ҳифзи қонун иҳота карданд. Маркази варзишии “Алпомиш” аз моҳи апрел ба ин сӯ ба макони муолиҷаи беморони олудашуда ба COVID-19 табдил дода шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *