Таркиш дар бозори “Панҷшанбе”
Дар бозори «Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд бар асари таркиши балони оксигендор, ки ба дастгоҳи нигоҳдорандаи оби ташнашикан васл шуда буд, чор нафар, аз ҷумла худи фурушандаи обҳои газнок захмӣ шуданд.
«Ин ҳодиса дар тавқифгоҳи микроавтобусҳои мусофирбар воқеъ дар канори бозори «Панҷшанбе” рух додааст. Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, садои таркиши балони оксиген ба дараҷае баланд будааст, ки аз шунидани он бисёриҳо дар изтироб мондаанд. Тавре яке аз шоҳидони ҳодиса Муҳаммадҷони Аҳмад мегӯяд, садои баланди таркиш мардуми атрофи бозорро хеле баизтироб андохта буд.
Захмишудаҳо асосан аз минтақаи аз зону поёни худ захм бардоштаанд ва хушбахтона захми онҳо барои зиндагӣ хавфнок нест. Айни замон ин ҳодиса мавриди тафтиши сохторҳои тафтишотӣ қарор дорад ва ба гуфти шоҳиди ин ҳодиса шояд сабаби таркиши балон гармии аз ҳад зиёд бошад, ки ин шабу рӯз идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ