Таркиш дар Бритониё 19 куштаву 50 захмӣ барҷо гузошт

Мақомоти интизомӣ дар Бритониё мегӯянд, ки бар асари таркиши шаби 23-юми май дар як толори консертӣ дар шаҳри Манчестер дар шимоли ин кишвар, 19 нафар кушта ва 50 тани дигар захмӣ шудаанд.

Раиси пулиси Манчестер дар нишасти хабарӣ гуфтааст, ки «мо дар ҳоли таҳқиқ дар бораи ин таркиш ба унвони як иқдоми террористӣ ҳестем». Вай дар идома гуфтааст, ки дар ин ҳодиса 19 нафар кушта ва 50 тани дигар захмӣ шудаанд ва маҷрӯҳон ба шаш бемористон дар Манчестер интиқол дода шудаанд.

Ин ҳодиса дар маҳали баргузории консерти Ариан Гранде, овозхони ҷавони амрикоӣ рӯй додааст. Як сухангӯи Ариан Гранде гуфтааст, ки дар ин таркиш ба ин овозхони зан, осебе нарасидааст. Тибқи гузоришҳо, дар толори консертӣ, ки зарфияти 21 ҳазор нафар дорад, ҳазорон ҷавон, ки бештари онҳо духтар буданд, ҳузур доштанд. Бар пояи хабарҳо, таркиш дар лаҳзаҳои ахири консерт ва дар берун аз толори консертӣ, рух додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *