Таркиш дар ноҳияи Бохтар
Сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши гази моеъ дар ҳудуди ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таркиши сахтеро ба дунбол доштааст. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳодиса соати 14-и рӯзи шанбе рух додааст.
Вале шоҳидони ҳодиса дар сӯҳбат гуфтанд, сӯхтор ду мошинро ба комаш фурӯ бурд. Яке аз шоҳидони ҳодиса гуфт, ки «таркиш ба ҳадде хатарбор буд, ки ҳудуди як соат ҳаракати мошинҳоро дар шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Сарбанд боздоштанд. Воқеан, зараре ба хонаи мардум ё атрофиён нашудааст, аммо агар оташнишонҳо каме дер меомаданд, эҳтимоли таркиши сахттар буд, ки он вақт хисороташ ҳам зиёд мешуд.» Дар идораи оташнишонии вилояти Хатлон сӯхтани ду мошин дар ҳодисаи Бохтарро тасдиқ карда, вале сарусадо дар бораи ҳалокати ду ронандаро рад намуданд. Онҳо гуфтанд, хисорот то рӯзи душанбе ҳисоб ва эълон мешавад.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сабаби сӯхтор дар нуқтаи фурӯши гази моеъ дар ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, дар ҳудуди шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Сарбандро «вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ» ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз нақлиёти боркашони тамғаи “Дулан” ба зарфҳо номид. «Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидан муайян карда шуд, ки дар натиҷаи беэҳтиётӣ дар автомашинаи газкашони тамғаи “Дулан”, рақами қайди давлатиаш 9714 АО РТ, ки ба шаҳрванд Халилов Ҷавҳар Абдулҳалимович, тааллуқ дорад, сӯхтор сар задааст», — гуфтанд дар вазорат.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ