Таркиш дар нуқтаи сӯзишворӣ: 9 нафар маҷруҳ аст
Дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ «Сони-С», воқеъ дар деҳаи Зархези ноҳияи Ҷ.Балхии вилояти Хатлон таркиш ба амал омада, боиси сар задани сӯхтор гардид. Хабар медиҳад ВКД.
Гуфта мешавад, ки ин ҳодиса рӯзи 31 майи, тахсинан соати 15:45 рух дода, саравал таркиш аз зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ ба амал омада, масоҳати сӯхтор 40 метри мураббаъро дар бар гирифт.
Бо истифода аз 7 адад нақлиёти оташнишонӣ ва дигар қувваю воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ хавфи паҳншавии сӯхтор ба дигар бинову иншоотҳои наздик пешгирӣ карда шуд.
Тибқи иттилои манбаъ дар натиҷаи сӯхтор 9 нафар шаҳрвандон ҷароҳати миёна ва сабуки сухтаи бадан бардошта, фавти шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст.
Аз рӯи таҳқиқи пешакии ҳодисаи сӯхтор маълум гардид, ки сабаби ба амал омадани таркиши зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ, ин корношоям гардидани механизми сарпӯши (клапани) ихроҷи ҳавои фишурдашудаи сӯзишвории дар зарф мавҷудбуда мебошад.
Маблағи зарари аз сӯхтор расонидашуда аз тарафи комиссияи салоҳиятдор ва мутахассисон муайян карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ