Таркиш дар Покистон: 4 куштаву се захмӣ ба ҷо гузошт

Бар асари таркиши як бомби сарироҳӣ чаҳор корманди нерӯҳои амниятии Покистон дар шимолу ғарби ноҳияи Хуррам кушта ва се тани дигар захмӣ шуданд. Мақомоти Покистон гуфтанд, ки ҳодиса рӯзи 15-уми октябр дар наздикии марзи Афғонистон рух додааст.

Хабаргузории «Франс Пресс» бо такя ба манобеи худ навишт, бомбаҳои таркидаро бо эҳтимоли зиёд гурӯҳи Толибони Покистон ҷогузорӣ кардаанд.

Дар изҳороти артиши Покистон гуфта мешавад, ин афрод узви гурӯҳе буданд, ки хонаводаи амрикоӣ-канадоиро меҷустанд. Ин хонавода пас аз панҷ соли асорат рӯзи 11-уми октябр аз дасти гурӯҳи Толибони Покистон озод шуда, ба Канада баргаштанд.

Ноҳияи қабиланишини Хуррами Покистон дар марзи вилояти Нангарҳори Афғонистон ҷойгир аст. Рӯзи 11-уми октябр артиши Покистон барои раҳоии хонаводаи амрикоӣ-канадаӣ дар ин минтақа амалиёти низомӣ баргузор карда буд.

Шаҳрвандони Амрико Кейтлан Колман ва шавҳари канадагии ӯ Ҷошуа Бойл соли 2012 дар як сафари пиёдаи туристиашон ба Афғонистон ба дасти гаравгонгирҳо афтоданд. Колман дар асорат се тифлро ба дунё овард. Пас аз расидан ба Канада Ҷошуа Бойл Толибонро дар қатли як тифлу таҷовузи ҳамсараш муттаҳам донист.

Мақомоти Амрико борҳо Покистонро барои чашмпӯшӣ аз фаъолиятҳои шабакаи Ҳаққонӣ ва дигар гурӯҳҳои тундрав дар хоки худ муттаҳам медонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *