Таркиш дар Покистон кори ДИИШ аст

Гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти ҳамла ба Маркази омӯзишии пулиси Покистон дар шаҳри Кветтаро ба дӯш гирифт. Дар пайи ин ҳамла, ки шаби 24 ба 25 октябр сурат гирифт, ба камияш 59 нафар кушта шуданд. Гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» гуфтааст, ҷангҷӯёнаш ҳамлаи шабонаеро анҷом доданд, ки дар он беш аз 100 нафар захмӣ шуд. Ҳамла ба Маркази омӯзишии пулис дар соатҳои аз се то шаш дар ҳоле ҷараён гирифт, ки донишҷӯён хоб буданд. Нерӯҳои амниятӣ як ҳамлагарро аз байн бурданд ва ду нафари дигар ҳангоми мунфаҷир кардани васкати интиҳорӣ кушта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *