Таркиш дар шаҳри Гулистони Суғд, як кушта ва ду захмӣ

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки соати 11:40-дақиқаи рӯзи 22-юми январи соли ҷорӣ дар корхонаи ҶДММ «Манфиат», воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд, ки ба коркарди маҳсулоти нафтӣ машғул аст, дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарии маводи зуддаргиранда сӯхтор ба амал омада, таркиш ба вуқӯъ пайваст.

«Дар натиҷаи ин ҳодиса корманди ҳамин корхона Пулодов Фирдавс Шарифович, соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи шаҳри Гулистони вилояти Суғд ҳалок гардид. Ду нафар корманди дигари корхона Олимҷонов Комилҷон Аъзамҷонович, соли таваллудаш 1992, зода ва истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров ва шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой Жо Су Син ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи шаҳри Гулистон бистарӣ карда шудаанд. Ҳолати саломатии онҳо мӯътадил аст,” – гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати корҳои дохилӣ.
Ин ҳодиса аз ҷониби прокуратураи шаҳри Гулистон мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *