Таркиш дар тарабхона
Асри 1 сентябр, тахминан соати 15:30 дақиқа дар тарабхонаи “Шоми Қалъа”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ҳисори шаҳри Ҳисор дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ таркиши балони гази моеъ рух дод.
Дар натиҷаи таркиш 10 нафар коргарони ин тарабхона ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд. Ҳолати саломатии онҳо мӯътадил аст.
Бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳодисаи мазкур мавриди таҳқиқ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ