Таркиши бомба дар Кобул: 16 кушта ва 119 захмӣ

Бар асари таркиши мошини бомбгузошташуда ва тирпарронӣ дар “Минтақаи сабз”-и шаҳри Кобул 16 нафар ҷон бохта ва беш аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Масъулияти ин ҳамларо Ҷунбиши Толибон ба ӯҳда гирифтааст.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, ин таркиш  рӯзи 2 сентябр дар наздики девори “Минтақаи сабз”, ки дар ин ҷо намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ ва имдодрасон ҷойгир шуда ва ҷиддан муҳофизат мешавад, рух додааст.

Ба гуфтаи вай, ҳамаи кушташудагон ва захмиён афроди мулкӣ ё аҳолии осоишта будаанд ва неруҳои амниятӣ ҳамлагаронро, ки пинҳон шуда буда, пайдо карда ва ба қатл расондаанд.

400 тан аз сокинони “Минтақаи сабз”, ки умдатан афроди хориҷӣ буданд, наҷот дода шудаанд.

Ин ҳамла замоне рух дод, ки фиристодаи хоси ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод бо ҳайати Толибон музокира мекунад.

Халилзод гуфт, ки дар  даври нӯҳуми музокирот бо гурӯҳи умдаи шӯришиёни Афғонистон ба мувофиқаи усулӣ даст ёфтааст.

Рӯзи 1-уми сентябр Халилзод бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар Кобул дидору гуфтугӯ кард. Ашраф Ғанӣ аз он ки намояндагони расмии ҳукумати Афғонистон дар ин музокираҳо иштирок намекунанд, борҳо интиқод кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *