Таркиши Истамбул кори дасти ДИИШ

Масъулияти ҳамла ба клуби шабона дар Истамбулро, ки 39 нафарро қурбон кард, гурӯҳи тундрави «Давлати исломӣ» бар дӯш гирифт. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal хабар дод.

Пулиси Туркия ҳамлагаронро ҷустуҷӯ дорад. Ба навиштаи матбуот ҳуҷумро якчанд нафар анҷом доданд.

Шаби 1 январ афроди номаълум дар клуби машҳури Reina, ки он лаҳза садҳо нафар меҳмон дошт, оташ кушоданд. Бинобар хабарҳои охирин аз ин ҳамла 39 нафар кушта ва ҳудудан 70 тани захм бардоштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *